IQNA

Баргузории ҷаласаи қуръонии ҳафтагӣ барои рушди маҳорати қориён дар Наҷафи Ашраф + акс

19:26 - November 01, 2024
рақами хабар: 2342
ИКНА - Маҷмаи илмии остони Аббосӣ иқдом ба баргузории ҷаласоти қуръонии ҳафтагӣ ба манзури омодасозии қориён дар фунуни тиловати Қуръон дар Наҷафи Ашраф кардааст.

Ба гузориши Остони Аббосӣ, ин ҷаласоти қуръонии омӯзишӣ зери назари муассисаи Қуръони Карими Наҷафи Ашраф вобаста ба маҷмаъи илмии остони Аббосӣ баргузор мешавад.

Алӣ Ал-Зубайдӣ, аз масъулони воҳиди қироати муассисаи Қуръони Карими Наҷафи Ашраф дар ин бора гуфт: Ин ҷаласоти қуръонӣ бо тиловати оёте аз Қуръони Карим оғоз мешавад ва ба қориёни ширкат кунанда ин фурсат дода мешавад, ки дар муқобили ҳозирон ба қироати Қуръон бипардозанд ва аз сӯи шайх Маҳдии Қалндар, устоди нозир дар ҷаласа, дар хусуси аҳкоми қироат, вақф ва ибтидо ва савту лаҳн мавриди арзёбӣ қарор гиранд.

Вай афзуд: Дар ҷаласаи нахуст, бахше ба номи «Қорӣ кист?» гунҷонда шуда буд ва се қорӣ дар ин ҷаласа муаррифӣ шуданд. Бахше низ бо унвони «Гӯш кун» қарор дода шуда буд, ки ба қироати яке аз қориёни мумтози ҷаҳони Ислом ихтисос дошт. 

Алӣ Ал-Зубайдӣ, идома дод: Ҷаласаи аввал, ки дар мақарри муассисаи Қуръони Карим дар Наҷаф баргузор шуд, бо баргузории мусобиқоти қуръонӣ қтуф, ки шомили саволоти мухталифи қуръонӣ, ахлоқӣ, фиқҳӣ ва ақидтӣ буд ба поён расид.

 

https://iqna.ir/fa/news/4245563

captcha