Дар моҳи ноябри соли 2023 рӯзномаи “Файнэншл Таймс” дар ин робита навишт, ки ҳарчанд мавзӯъи Фаластин дар солҳои ахир дар ҳошия қарор гирифта буд, аммо тасвирҳои ҳамлаҳои мушакҳои ваҳшатноки артиши ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ алайҳи Ғазза дар шабакаҳои хабарӣ ва иртибототи оммавӣ боиси тағйироти амиқе шуд, ки худ нишондиҳандаи майли афкори умумии ҷаҳон нисбат ба масъалаи Фаластин аст.
Дар робита ба ин, бар асоси назарсанҷиҳои Институти машҳури Gallup, ки соли 2023 гузаронида шуд, насли ҷавоне, ки аз Фаластин дар Иёлоти Муттаҳида пуштибонӣ мекунанд, афзоиши чашмгире ёфтааст.
Илан Пая менависад, ки тағйири афкори умумии ҷомеъаи ҷаҳонӣ сабаб шудааст бештари онҳое, ки ҳамраъйии худро бо масъалаи Фаластин эълом кардаанд, водор кардааст, ки роҳи ҳалли поёндодан ба режими нажодпараст ва кӯдаккуши саҳюнистиро ба унвони роҳе барои ҳалли низоъи Фаластин матраҳ кунанд.
Моҳи майи соли гузашта се кишвари аврупоӣ, Испания, Ирландия ва Норвегия давлати Фаластинро ба расмият шинохт. Илова бар ин, Словения ва 4 кишвари дигари ҳавзаи Кариб низ ба ин гурӯҳ изофа шуданд, то шумори кишварҳое, ки Фаластинро ба расмият мешиносанд, аз 193 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид ба 146 кишвар мерасад.
Абдулваҳҳоб Масирӣ дар бораи тавсеаи шаҳракҳо дар сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин менависад, вақте саҳюнистҳо натавонистаанд дар чанд даҳаи ахир Фаластиниҳоро комилан нобуд кунанд, онҳо бо сарнавишти шабеҳи режими апартейд дар Африқои Ҷанубӣ рӯбарӯ карданд.
Авраҳам Борг, раиси Кнессети режими саҳюнистӣ, қаблан таъкид карда буд, ки рехтани хуни фаластиниён натиҷае ҷуз муқовимати бештаре нахоҳад дошт ва боиси пардохти харҷи бештари Тел-Авив дар ин замина мешавад.
Ричард Рубенштейн, нависандаи яҳудитабори омрикоӣ дар матлабе бо номи “Поёни таваҳҳуми саҳюнистӣ” зимни муаррифии ҳизбҳои дунявӣ ва талмудии режими саҳюнистӣ ба ду тарафи сиккаи ҳифзи ҳукмронии ин режим дар ҷаҳон таъкид мекунад, ки дар оянда ҳама бояд ба мукобили империалистони Амрико бароянд, то ки онҳо хуқуқи худашонро муайян кунанд. Амрико режими саҳюнистиро як сармоягузории стратегӣ барои худ дар минтақаи Ховари Миёна медонад.
Доктор Ал-Масирӣ дар ин замина менависад, ҳимояти Амрико аз Тел-Авив бар ҳисобҳои дақиқ бар пояи манофеи ин кишвар дар минтақа аст, ки аз қимати нафт оғоз мешавад ва ба муомилоти таслиҳотӣ ва сармоягузорӣ дар минтақа идома пайдо мекунад.
https://tajikpress.com/2024/11/03/