IQNA

Омори ваҳшатноки куштори шоҳидони ҳақиқат дар Ғазза

19:28 - November 04, 2024
рақами хабар: 2362
ИКНА - Созмони хабарнигорони Фаластин эълом кард, ки Исроил дар муддати як соли ҷанги Ғазза, беш аз 2 баробари хабарнигроне, ки солона дар саросари ҷаҳон кушта мешаванд, шаҳид кардааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Созмони хабарнигорони Фаластин эълом кард, ки Исроил дар муддати як соли ҷанги Ғазза, беш аз 2 баробари хабарнигроне, ки солона дар саросари ҷаҳон кушта мешаванд, шаҳид кардааст.

Ин созмони фаластинӣ дар баёнияе ба муносибати Рӯзи байнулмилалии хотима додан ба ҷиноёт алайҳи хабарнигорон эълом кард, куштори ҳадафмандонаи шоҳидони ҳақиқат ва хабарнигорони фаластинӣ дар Ғазза аз сӯи артиши Исроил беҷазо нахоҳад монд.

Созмони хабарнигорони Фаластин афзуд, куштори ваҳшатнок алайҳи матбуот ва башарият аз ҷониби нирӯҳои ишғолгар дар навори Ғазза бузургтарин ва даҳшатноктарин куштори рӯзноманигорон дар таърихи расонаҳои саросари ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Ин созмони таъкид кард: Артиши Исроил дар муддати як соли ҷанги Ғазза, беш аз 2 баробари хабарнигроне, ки солона дар саросари ҷаҳон кушта мешаванд, шаҳид кардааст.

https://tajikpress.com/2024/11/03/

captcha