IQNA

Дар ҳошияи дидори донишомӯзон ва донишҷӯён анҷом гирифт;

Боздиди раҳбари олии инқилоби Эрон аз намоишгоҳи осори ҳунармандони навҷавон

21:21 - November 04, 2024
рақами хабар: 2364
ИКНА - Ҳазрати оятуллоҳ имом Хоманаӣ аз намоишгоҳи осори ҳунармандони навҷавон дар ҳошияи дидори дирӯзи донишомӯзон ва донишҷӯён боздид карданд.

Ба гузориши пойгоҳи итлоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ имом Хоманаӣ, дар ҳошияи дидори донишомӯзон ва донишҷӯён дар рӯзи шанбе 12 обон, раҳбари инқилоби исломии Эрон аз осори ҳунарии донишомӯзон ширкаткунанда дар пӯиши «Охарош аст» боздид ва бо теъдоде аз ин ҳунармандони навҷавон гуфтугӯ карданд.

Пӯиши «Охарош аст», вокуниш ва эҳсоси масъулияти донишомӯзони ҳунарманд ба фаҷоеаи Ғазза буд. Дар ин тарҳ беш аз ду ҳазор донишомӯз ҳунарманди навҷавон дар риштаҳои мутанаввеи ҳунарӣ мушорикат кардаанд.

https://iqna.ir/fa/news/4246200

captcha