Ба гузориши ИКНА, баровард мешавад ҳудуди 70 то 120 миллион нафар дар беш аз 30 кишвар ба забони италияӣ сухан мегӯянд. Бинобар омори мунташир шуда дар соли 2023, Ислом дувумин дини расмии кишвари Италия аст. Ҳудуди 2,5 миллион мусулмон дар Италия зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан 30 дарсади онҳоро шаҳрвандони марокашитабор бо 417 ҳазор нафар ташкил медиҳанд. Муҳоҷирони албанияӣ, бангладешӣ, покистонӣ, сенегалӣ, мисрӣ ва тунсӣ, дар радаҳои баъдии ҷамъияти мусулмони ин кишвар қарор доранд.
Токунун 12 тарҷумаи комил аз Қуръони Карим ба забони италияӣ анҷом шудааст. Пешинаи тарҷумаи Қуръон ба забони италияӣ ба садаи 16 мелодӣ бозмегардад.
Анҷумани ҷаҳонии даъвати исломӣ, ки дар соли 1972 дар Тираблос пойтахти Либия таъсис шуд ва яке аз ноширони фаъоли тарҷумаи Қуръон аст, саҳми қобили таваҷҷуҳе дар бозори тарҷумаи Қуръони Италия доштааст.
Дар байни мутарҷимони Қуръон ба ин забон, номи Ҳамза Роберто Пикорду (Hamza Roberto Piccardo) ба унвони нахустин мутарҷими мусулмони Қуръони Карим ба италияӣ аҳамияти хоссе дорад.
Нахустин мутарҷими мусулмони Қуръон ба италияӣ
Пикорду дар солии 1952 дар шаҳри Империя дар шимоли ғарби Италия ба дунё омад. Ӯ пас аз поёни хидмати сарбозии худ дар соли 1974 ба Африқо рафт ва дар онҷо бо мусулмонон ва дини Ислом ошно шуд. Ӯ дар соли 1975 ба Ислом мушарраф шуд. Ӯ пеш аз ин муддате риёсати «иттиҳодияи созмонҳои исломӣ ва ақаллиятҳо дар Италия»-ро бар ӯҳда гирифт, ки яке аз таъсиргузортарин Созмонҳои исломӣ дар Италия ба шумор меравад. Ӯ ҳамчунини сухангӯи шабакаи мусулмонони Аврупо буд, аммо дар ҳоли ҳозир ҳеҷ симати иҷроӣ надорад. Писараш Давида Пикорду низ аз шахсиятҳои шинохта шудаи мусулмон аст, ки мавозеъаш дар ҳимоят аз Фаластин дар ин кишвар баҳсбарангез шудааст.
Пикорду интишороти Ал-Ҳикмаро дар соли 1993 таъсис кард ва аввалин тарҷумаи Қуръон тавассути як мусулмон ба забони италияиро анҷом дод. Вай дар мавриди вижагии тарҷумаи худ нисбат ба тарҷумаҳои қаблӣ мегӯяд: тафовути бузурги тарҷумаи ман бо тарҷумаҳои дигар ин аст, ки коре, ки мо анҷом додаем тарҷумаи Қуръон аз сӯи як мусулмон барои дигар мусулмонон аст.
Чопи аввали тарҷумаро дар соли 1994 аз тариқи як интишороти хусусие, ки дар он замон таъсис кардам, мунташир кардем ва бо иҷозаи мо, чоп арзонтаре аз сӯи интишороти дигаре мунташир шуд ва токунун 150 ҳазор нусха фурӯш доштаем.
Чопҳои тарҷумаи Ҳамза Пикорду, рӯйкардҳои мухталифи тарҷумаи муосирро ба тасвир мекашад, ки бештар дар поварақиҳо мунъакис шудааст.
Дар маҷмӯъа метавон гуфт, ки ваҷҳи тамоюзи ин тарҷума бо тарҷумаҳои анҷом шуда аз сӯи шарқшиносон ва донишмандони ғарбӣ ин аст, ки онон зиёд ба тавзеҳот ва низ ба эҳсосоти як муъмин ҳангоме, ки Қуръонро мехонад аҳамият намедиҳанд вале ин тарҷума ба ақидаи соҳибназарон, ба тавзеҳот ва тафсири нукоти наҳуфта дар оёти қуръонӣ низ мепардозад.