IQNA

Идораи динии мусулмонони Чичен иҷборӣ будани ҳиҷобро такзиб кард

22:39 - November 04, 2024
рақами хабар: 2367
Идораи динии мусулмонони Ҷумҳурии Чичени Русия дар баёнияе ахбори сохтагӣ дар бораи иҷборӣ будани пӯшиши ҳиҷоб дар ин кишварро такзиб кард.

Ба гузориши Русия Ал-Явм, идораи динии мусулмонони Чичен дар баёнияе, ки дар канали Телеграмии худ мунташир кард, овардааст: Як саре иттилооти сохтагӣ дар бораи иҷбори пӯшиши ҳиҷоб дар Ҷумҳурии Чичен дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда, ки ин иттилоот нодуруст аст. 

Дар ин баёния таъкид шудааст: Мо аз мардум мехоҳем, ки иттилооти дурӯғӣ ва ҷаълиро мунташир накунанд ва ба ахбори мунташир шуда аз сӯи манобеи ғайри мувассақ эътимод накунанд.

Идораи динии мусулмонони Чичен бо баёни ин ки ҳар мусулмоне бояд бидонад, ки дурӯғ гуноҳи бузург аст ва табиатан яке аз нишонаҳои мунофиқ аст, идома дод: Худованди Мутаол моро аз интишори ахбори ҷаълӣ ва дурӯғин барҳазар доштааст ва дар Қуръони Карим мефармояд: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنْ جَاءَكُمْ فَاسِقٌ بِنَبَإٍ فَتَبَيَّنُوا أَنْ تُصِيبُوا قَوْمًا بِجَهَالَةٍ فَتُصْبِحُوا عَلَى مَا فَعَلْتُمْ نَادِمِينَ»: Эй касоне, ки имон овардаед агар фосиқе бароятон хабаре овард хуб баррасӣ кунед мабодо ба нодонӣ гурӯҳеро осеб бирасонед ва [баъд] аз он чи кардаед пушаймон шавед. (Ҳуҷурот/6)

Дар поёни ин баёния омадааст: Бар ҳар мусулмоне воҷиб аст, ки ҳаргуна иттилоотеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир мешавад, ростиозмоӣ кунад то худ ва дигаронро аз иртикоби гуноҳи бузург барҳазар бидорад.

اداره دینی مسلمانان چچن اجباری بودن حجاب را تکذیب کرد

https://iqna.ir/fa/news/4246252

captcha