Далоили ақлии мутааддиде бар лузуми вуҷуди маод матраҳ шудааст, ки ҳукамо ва фалосифаи мусулмон бо истинод ба Қуръон ба онҳо ишора намудаанд. Он чи дар идома меояд ишора ба бархе аз ин бароҳин аст:
А) Бурҳони ҳикмат: Агар зиндагии ин ҷаҳонро бидуни ҷаҳони дигар дар назар бигирем пуч ва бемаъне хоҳад буд. Чӣ лузуме дорад, ки инсон ҳафтод сол ё камтар ва бештар дар ин дунё дар миёни мушкилот дасту по бизанд бидуни ин ки самарае бар он мутараттиб бошад. Қуръон мефармояд «أَ فَحَسِبْتُمْ أَنَّما خَلَقْناكُمْ عَبَثاً وَ أَنَّكُمْ إِلَيْنا لا تُرْجَعُونَ» "Оё гумон кардед беҳуда офарида шудҳаед ва ба сӯи мо бознамегардед"? (Муъминун-115) Яъне агар бозгашт ба сӯи Худо набуд зиндагии ин ҷаҳон абас ва беҳуда буд. Дар сурате зиндагии ин дунё мафҳум ва маъне пайдо мекунад ва бо ҳикмати Худованд созгор мешавад, ки ин ҷаҳонро мазраае барои ҷаҳони дигар ва гузаргоҳе барои он олам дар назар бигирем.
Б) Бурҳони адолат: Дуруст аст, ки Худованд ба инсон озодӣ ирода ва ихтиёр дода то ӯро биёзмояд ва дар сояи он масири такомулро тай кунад, вале агар инсон аз озодӣ сӯиистифода кард, чӣ мешавад? Агар золимон ва ситамгарон, гумроҳон ва гумроҳ кунандагон бо сӯиистифода аз ин мавҳибати илоҳӣ ба роҳи худ идома доданд адли Худованд чӣ иқтизо мекунад? Дуруст аст, ки гурӯҳе аз бадкорон дар ин дунё муҷозот мешванд ва ба кайфари аъмоли худ- ё лоақал қисмате аз он- мерсанд, аммо мусалламан чунон нест, ки ҳамаи муҷримон, ҳамаи кайфари худро бубинанд, ва ҳамаи покон ва некон ба подоши аъмоли худ дар ин ҷаҳон бирасанд, оё мумкин аст ин ду гурӯҳ дар кафаи адолати Парвардигор яксон бошанд? Ба гуфтаи Қуръони Маҷид «أَفَنَجْعَلُ الْمُسْلِمِينَ كَالْمُجْرِمِينَ ما لَكُمْ كَيْفَ تَحْكُمُونَ»"Оё касонеро, ки дар баробари қонуни Худо ба ҳақ ва адолат таслиманд ҳамчун муҷримон қарор диҳем, чигуна ҳукм мекунед"? (Қалам, 35-36). Бинобар ин бояд қабул кард, ки барои иҷрои адолати илоҳӣ лозим аст маҳкама ва додгоҳи адли омме бошад, ки сари сӯзане кори нек ва бад дар онҷо ҳисоб шавад ва-гарна асли адолат таъмин нахоҳад шуд. Бинобар ин бояд пазируфт, ки қабули адли Худо мусовӣ аст бо қабули вуҷуди маод ва растохез, Қръони Маҷид мегӯяд «وَ نَضَعُ الْمَوازِينَ الْقِسْطَ لِيَوْمِ الْقِيامَةِ» "Мо тарозуҳои адолатро дар рӯзи қиёмат барпо мекунем" (Анбиё-47).
В- Бурҳони ҳадаф: Бар хилофи пиндори модди гароҳо, дар ҷаҳонбинии илоҳӣ, барои офариниши инсон ҳадаф будааст, ки дар таъбироти фалсафӣ аз он ба «Такомул» ва дар лисони Қуръон ва ҳадис гоҳе аз он ба «Қурби ба Худо» ва ё «Ибодат ва бандагӣ» таъбир шудааст. «وَ ما خَلَقْتُ الْجِنَّ وَ الْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ» "Ман ҷин ва инсро наёфаридам магар ба ин манзур, ки маро парастиш кунанд" (Зориёт-56). Оё агар марг поёни ҳама чиз бошад ин ҳадафи бузург таъмин миегардад? Бидуни шак посухи ин савол манфӣ аст. Бояд ҷаҳони баъд аз ин ҷаҳон бошад ва хатти такомули инсон дар он идома ёбад, ва маҳсули ин мазрааро дар онҷо дарав кунад.
Хулоса ин ки таъмини ҳадафи офариниш бидуни пазириши маод мумкин нест, ва агар иртиботи ин зиндагиро аз ҷаҳони пас аз марг қатъ кунем ҳама чиз шакли муаммо ба худ мегирад ва посухе барои чароҳо нахоҳем дошт.