Ба гузориши Алҷазира, савти забт шуда ва мунтасаб ба шаҳиди Синвор дар рӯзҳои гузашта ба таври густурда дар платформҳои шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуда ва дар ин миён корбарон нисбат ба тиловате, ки мешнаванд таҳсин ва тамҷидҳои фаровоне доштаанд, аммо оё ин воқеан садои шаҳид Яҳё Синвор аст?
Дар ҳамин росто воҳиди ростиозмоии тими пажӯҳиши Алҷазира Мубошир эълом кард: Садои забт шудае, ки ба номи тиловати Қуръони Яҳё Синвор дар шабакаҳои иҷтимоӣ байни корбарон дар ҳоли даст ба даст шудан аст мутааллиқ ба Яҳё Синвор нест.
Алҷазира Мубошир дар идома тасреҳ кард: Ин савти мунташир шуда, тиловати оёте аз сураи муборакаи Аҳзоб ба ривояти Холид аз Ҳамза бо савти Носири Ас-Саъид, қории ҷавони мисрӣ аст.
Дар идома ин тиловати мунташир шуда бо савти Носир Ас-Саъид, қории Мисриро мешнавед: