Ба гузориши хабаргузории ИКНА, ба нақл аз Евронюс, раисиҷумҳури Туркия пас аз ҳашт сол таъхир масҷиди ҷадиди Намозро дар Тирана, пойтахти Албания ифтитоҳ кард. Ин масҷид дорои чаҳор манораи баландиаш 50 метр ва гунбади марказӣ бо баландии 30 метрро ба рамзи таҳаммулпазирии мазҳабӣ ва ҳамзистӣ байни ҷавомеъ табдил додааст.
Ифтитоҳи ин масҷид дар ҳолест, ки барои ҳазорон мусалмоне, ки қаблан дар хиёбонҳо ва ё дар паҳлӯи масҷидҳои хурд намоз мехонданд, ниёзи шадид ба масҷид вуҷуд дорад.
Газманд Текия, имом-хатиби ин масҷид мегӯяд: Пас аз суқути режими камунистӣ ва азсаргирии маросимоти мазҳабӣ, тамоми гурӯҳҳои мазҳабӣ дар Албания хостори як ибодатгоҳи воҳид шуданд, ки дар он мӯъминон ҷой бигирад. Бо кушодани ин масҷид мо ба ҳадафи ҳамзистии ҷамъиятҳои динӣ дар Албания мерасем.
Омор нишон медиҳад, ки дар ин кишвар гурӯҳҳои мухталифи мазҳабӣ бидуни ташаннуҷ оромона зиндагӣ мекунанд. Газманд Текия афзуд: Мо албаниҳо суннати таҳаммулпазириро ба мерос гирифтаем ва меҳмонон аз динҳои дигар ба ин ҷо меоянд ва даст ба дуо мебардоранд ва ин намунаи хуби ҳамзистии мост.
Сохтмони ин масҷид дар соли 2015 оғоз шуда, як соли комил идома кард, аммо ба далели тарси вуруди гурӯҳе, ки Туркия онро созмони террористӣ медонад, ифтитоҳи он ба таъхир афтод. Анқара эълон кард, ки масҷиди Намозгоҳро як ниҳоди туркӣ идора мекунад ва кӯшиш мекунад, ки ҳеҷ як гурӯҳи тундрав ба фаъолияти он таъсир нарасонад.
Ин масҷид дорои чанд толори ибодат ва баргузории барномаҳо, толори конфронс, майдони намоишгоҳ ва китобхонаи дуошёна аст, ки барои ҳама, на танҳо мусулмонон боз аст.
Аз кишварҳои гуногун сайёҳони зиёде ба зиёрати ин масҷид омадаанд. Онҳо ин биноро масчиди зебое меноманд, ки пур аз диндорон бо шавку хавас ҳастанд.
Масҷиди Намозгоҳ 10 октябри соли 2024 расман ифтитоҳ ёфт ва ҳама умедворанд, ки он ба рушди сайёҳӣ дар пойтахти Албания мусоидат мекунад. Зиёда аз 50 дарсади аҳолии 2,4 миллионнафарии Албанияро мусулмонон ташкил медиҳанд. Тибқи саршумории соли 2023, 8 дарсади мардуми ин кишвар католик ва 7 дарсад православӣ ҳастанд.
https://iqna.ir/fa/news/4246738