Ба гузориши хабаргузории пойгоҳи хабарии Ал-Маёдин, ҷангандаҳои амрикоӣ ва англисӣ маҷмӯаи ҳамалоти ҳавоиро алайҳи манотиқи мутааддид дар Яман анҷом доданд.
Бар асоси гузориши хабарнигори Яман, ин ҷангандаҳо минтақаи Суфён воқеъ дар устони Умрон ва минтақаи Санҳон ва Ал-Ҳафо воқеъ дар Санъоро мушак борон карданд.
Бар асоси ин гузориш маҷмӯан 10 минтақа аз Яман дар ҳамалоти ҷангандаҳои амрикоӣ – англисӣ ба устони Санъо пойтахт ва устони Умрон воқеъ дар шимоли Яман анҷом шуд.
Дишаб низ дар се навбат ду минтақаи «Ал-Наҳдайн» ва «Ал-Ҳафо» дар ҷануб ва шарқи Санъо ҳадафи ҳамалоти ҷангандаҳои англисӣ ва амрикоӣ қарор гирифт.
https://tajikpress.com/2024/11/10/