IQNA

Таъсири амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо бар шароити Аврупо

19:23 - November 11, 2024
рақами хабар: 2401
ИКНА - Аврупое, ки баъд аз ҷанги ҷаҳони дувум ва таназзул дар ҷойгоҳи сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон саъй кард бо ташкили Иттиҳодия ва ҳамроҳӣ бо Амрико  ба ҷойгоҳи қаблии худ баргардад акнун низ саъй мекунад то роҳеро барои таваққуфи ҷанг дар минтақаи ғарби Осиё биёбад вале ба иллати заъфи сиёсии ин Иттиҳодия ва вуҷуди ихтилоф байни аъзо бар сари масъалаи Фаластин токунун ноком мондааст.

Амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо дар шароите иттифоқ афтод, ки шикоф байни мардум ва масъулини давлатӣ дар ҳимоят аз режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил аст. Мушаххас шуд тазоҳурот ва роҳпаймоиҳои мардум алайҳи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил ва пайвастани донишҷуён ва навҷавонон ба ин тазоҳурот, ки хоҳони поёни наслкушӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳастанд то ҷое, ки дар маёдини варзишӣ ҳам шоҳиди ибрози норизоятӣ ва мухолифати мардум бо наслкушии режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил ҳастем. Адами ризояти мардум аз ирсоли силоҳ аз кишварҳои аврупоӣ ба Исроил нишонгари норизоятии мардум аз сиёсатҳои давлатҳои аврупоӣ аст, ки намунаи онро дар Юнон шоҳид будем, ки коркунони банодир монеъи ҳаракати киштиаҳои ҳовии силоҳ ба мақсади Исроил шуданд.
Ҳамчунин ин норизоятӣ ва ихтилоф аз иқдомоти режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил дар байни сарон ва кишварҳо дар Иттиҳодияи Аврупо низ мушоҳида мешавад. Норвегия, Ирландия ва Испания аз ҷумла кишварҳои ҳомии Фаластин ҳастанд ва Олмон ва Фаронса аз ҷумла кишварҳои ҳоми режим палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ. Вуҷуди ин ихтилоф ва раъй наёвардани таҳрими режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил дар Иттиҳодияи Аврупо, ки ба пешниҳоди Испания ва Ирландия буд сабаб шуд, ки Ирландия дар ҳимоят аз мардуми Фаластин дар муқобили наслкушии режими палиди Исроил, ба таҳрими ин режими кӯдаккуш тасмим бигирад.
Пирӯзии ду ҳизби коргар ва муҳофиза кор дар Англис ва Фаронса  дар шароите, ки аз аҳзоби ростгаро ақиб буданд танҳо бо ваъдаи ба расмият шинохтани Фаластин аз аҳамияти ин мавзӯъ барои мардум нишон дорад. Пирӯзии дигари аҳзоби ростгаро дар дигар кишварҳои аврупоӣ адами итминони мардум ба сиёсатмадорони феълиро нишон медиҳад.
Алова бар ин муқовимати мардуми Ғазза ва Лубнон баъд аз Тӯфони Ал-Ақсо дар баробари ҷиноёти саҳюнистҳои ваҳшӣ сабаби афзоиши мизони мутолиаи мардум дар мавриди Ислом ва афзоиши гароиш ба Ислом ба хусус дар қишри ҷавон шуда ва солҳо талоши Аврупо ва Амрико барои эҷоди Исломҳаросиро ба чолиш кашидааст. Ба тавре, ки тибқи гуфтаи хабаргузории Аҳли Байт, мизони мутолиа дар бораи Ислом дар Аврупо чаҳор дарсад афзоиш доштааст ва аксари афроде, ки ба дини Ислом гароиш доранд мазҳаби шиъаро интихоб мекунанд.
Аз тарафи дигар ба хотири ҳамалоти Яман ба киштиҳое, ки мақсади онҳо режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил аст ширкатҳои бимагар мутаҳаммили зиён шудаанд ва ширкатҳои киштиронӣ ба интихоби масири тӯлонитар ва давр задани қорраи Африқо маҷбӯр шудаанд, ки ин масъала афзоиши ҳазинаҳои ҳамлу нақли дарёиро сабаб шудааст.
Дар айни ҳол, баъд аз ҷанги Русия бо Украина, режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил ба унвони яке аз таъмин кунандаҳои нафти Аврупо ба ҷои Русия матраҳ шуд ва тавонист бозорҳоеро дар Аврупо ба даст овард, ки амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ин равандро дубора дучори мушкил кардааст.
Таҳрими колоҳои исроилӣ тавассути мардум, ки бештар дар Фаронса ва Англис рух дода шароити сахтеро барои воридкунандагон рақам мезанад. Ҳамчунин таҳрими колоҳое, ки дар листи ҳомиёни Исроил қарор доранд тавассути мардум дар кишварҳои мухталиф, хисорот ба ин ширкатҳоро боис мешавад ва сабаб аз байн рафтани бозори онҳо дар минтақаи ғарби Осиё шудааст; Чунончи ширкати Уммон Рифка (Oman Rifco) ба унвони намояндаи Пепсӣ дар ҳудуди чаҳор миллиард доллар хисорат дида ва албатта дар сартосари ҷаҳон ҳам кампайнҳои мухталифе барои таҳрими колоҳои ҳомии режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил ташкил шудааст.
Иқдомоти Нетаняҳу дар афзоиши доманаи ҷанг, минтақаи ғарби Осиёро бо буҳрони як ҷанги ҳама ҷониба рӯбарӯ карда, ки ин масъала ба хатари афтодани сармояҳои кишварҳои аврупоӣ ва аз байн рафтани бозори маҳсулоти онҳоро сабаб мешавад ва низ метавонад афзоиши қимати ҷаҳонии нафтро боис шавад, ки ин барои аврупое, ки бо буҳрони энергия рӯбарӯ аст аслан хабари хубе нест. Ҳамчунин вуқӯъи даргириҳои бештар дар минтақа метавонад сабаби афзоиши вуруди муҳоҷирон ба Аврупо шавад.

https://tajikpress.com/2024/11/10/

captcha