IQNA

Ҳамалоти сахти мушакии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба Халиҷи Ҳайфаи Исроил

16:18 - November 12, 2024
рақами хабар: 2406
ИКНА - Муқовимати исломии Лубнон рӯзи душанбе бо ҳадафи ворид кардани заработи сахт ба режими Исроил, ҳамалоти сангини мушакӣ ба Халиҷи Ҳайфа анҷом дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, расонаҳои ибризабон эълом карданд: Ҳамалоти муқовимати исломии Лубнон ба Халиҷи Ҳайфа бесобиқа ва ҳатто сангинтар аз рӯзи шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон будааст.
Рӯзи душанбе ҳамчунин силсила ҳамалоте ба сӯи сарзаминҳои ишғолӣ анҷом шуд, ки ҳадафи даври нави ҳамалоти муқовимати исломии Лубнони ду шаҳри Ҳайфа ва Акре дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ будааст.
Ба дунболи ин таҳаввулот, оташсӯзиҳое дар шаҳри Ҳайфа дар пайи заработи мушакӣ ва ракетии муқовимати исломии Лубнон ба вуқуъи пайваст.
Дар ҳоле рӯзи душанбе беш аз 150 мӯшак аз хоки Лубнон ба самти сарзаминҳои ишғолӣ шиллик шудааст, ки манобеи ибризабон аз исобати 80 мушак ба минтақаи Хайфа ва Кирят хабар доданд.
Артиши режими саҳюнистӣ аз кушта шудани 26 низомии ин режим дар даргириҳои рӯзи гузашта хабар дод. 11 нафар аз низомиёни саҳюнист дар набардҳои Ғазза ва 15 нафар низ дар набард бо неруҳои муқовимати Ҳизбуллоҳ кушта шудаанд.

https://tajikpress.com/2024/11/12/

captcha