Ба гузориши манобеи хабарӣ, шайх Абуҷара Султонӣ пас аз даврони тӯлонии гӯшанишинӣ муваффақ ба таълифи тафсири 25 ҷилдии Қуръон шудааст.
Дар сафҳаи расмии шайх Абуҷара Султонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ омадааст, ки бомдоди якшанбе бознигарии ниҳоии ин тафсир бо номи "Наҳзати Қуръони Карим (дар рӯҳ, ҷомеа ва таърих)" ба поён расид ва ин асар омодаи чоп шудааст.
Ин асар, яке аз дастовардҳои арзишманди китобхонаҳои миллии Алҷазоир ба шумор меояд ва маркази интишороти «Дорул-шомия" онро чоп хоҳад кард.
Тафсири 25 ҷилдии Қуръон ба зудӣ дар беш аз 17 ҳазор ва 500 сафҳа рӯнамоӣ хоҳад шуд ва шайх Абуҷара Султонӣ 12 соли пай дар пай кори нигориш ва вироиш ва бозбинии онро анҷом додааст.
Шайх Абуҷара Султонӣ 70 сол дорад ва раиси собиқи ҷунбиши ҷомеа барои сулҳи Алҷазоир будааст. Вай пеш аз ин гуфта буд, ки аз марг қабл аз такмили тафсири худ метарсад.
Шайх Абуҷара Султонӣ дар ду вазоратхонаи Алҷазоир дар ду давлат масъулиятҳои дошта ва раиси анҷумани Ҷаҳонии миёнаравӣ низ будааст.
Ин андешаманди алҷазоирӣ дар соли 2022 дар Ал-Шаруқ онлайн эълом карда буд, ки ин тафсирро ба волидайн ва рӯҳи дӯсташ марҳум «Алӣ Фузайл» мудири маҷмаъи «Ал-Шаруқ» ҳадия кардааст.