Ёсир Абдуззаҳро, ройзани фарҳангии Ироқ дар Эрон, дар ҷараёни нахустин конфронси байналмилалии каромати инсонӣ ва чолишҳои хонавода дар ҷаҳони муосир дар гуфтугӯ бо ИКНА аз Хуросони Разавӣ изҳор кард: Каромати инсонӣ як ҳақиқати зотӣ ва фитрӣ ва мутааллиқ ба кулли башарият аст.
Вай дар бораи нисбатҳои мавҷуд миёни фарҳанг ва каромати инсонӣ, баён кард: каромати инсонӣ, маҷмӯае аз арзишҳо ва мабонии эътиқодӣ аст ва бидуни шак замоне ин каромат, мавриди пазириши инсонҳо қарор мегирад, ки мубтанӣ бар як фарҳанги омӯзишӣ қарор гирад, ҳол агар фарҳанги мавҷуд набошад ва омӯзишӣ дар ин замина дода нашавад, каромати инсонӣ ҷойгоҳи худро дар миёни инсонҳо, чӣ ба сурати ҳақиқӣ ва чӣ ба сурати ҳуқуқӣ (созмонӣ) пайдо нахоҳад кард.
Вай афзуд: Имрӯз агар сӯҳбат аз равобит миёни Эрон ва Ироқ мешавад, сӯҳбат аз равобите аст, ки мубтанӣ бар масоили фарҳангӣ аст ва агар мо танҳо ба як буъд аз масоили фарҳангӣ, яъне буъди динӣ ва зиёратӣ дар ин равобит нигоҳ кунем, ба вузӯҳ мебинем, ки ин ду миллат ба сурати комилан ҳамоҳанг ва мунсаҷим дар ҳоли густариши равобит ҳастанд.
Абдуззаҳро гуфт: Арбаъин қабл аз ин ки як буъди динӣ бошад, як буъд фарҳангӣ ва иҷтимоӣ аст ва ба назари ман ин буъд аст, ки метавонад кумак кунад ду миллат ҳарчи бештар ба самти эҷоди як навъ беҳсозии равобит ҳаракат кунанд.
Ёдовар мешавад, нахустин конфронси байналмилалии уммати воҳида ва каромати инсонӣ бо мавзӯъи «Каромати инсонӣ ва чолишҳои хонавода дар ҷаҳони муосир» аз 11 ноябр оғоз ва то 13 ҳаминмоҳ аз сӯи дабирхонаи конфронси байналмилалии уммати воҳида ва каромати инсонӣ дар донишгоҳи Фирдавсии Машҳади муқаддас идома дорад.