Қабл аз ҳамлаи артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ шумори сокинони урдугоҳ Ҷиболиё беш аз 116 ҳазор овора буд, ки дар масоҳати андаке зиндагӣ мекарданд. Қабл аз ҳамлаи ишғогарони саҳюнистӣ, марокизи вобаста ба UNRWA аз ҷумла 16 мактаб ва маркази тавзеъи ғизо, се маркази дармонӣ ва дафотири имдодрасонӣ ва низ чоҳҳои об вуҷуд дошт, ки пас аз ин ҳамла аз байн рафтанд.
Ҷангандаҳои режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ мактабхонаи “Абуъарбиёт” мутааллиқ ба ожонси имдодрсонӣ ва корёбии Созмони Милал UNRWA-ро дар урдугоҳи Ан-Насирот дар маркази Ғазза, ки оворагони фаластинӣ дар он паноҳ гирифта буданд, ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа 12 ғайри низомӣ ба шаҳодат расида ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.
Артиши режими ишғолгар ва ҷинояткори Қудс дар урдугоҳи оворагони Ҷиболиё дар шимоли Навори Ғазза сохтумонҳои маскунӣ ва таъсисоти умумӣ аз ҷумла мактабҳо ва таъсисоти UNRWA-ро мавриди ҳадафи ҳамалоти мушакии худ қарор додааст.
Ин ҳамалот афроди бештареро дохили сарзаминҳои Фаластин овора кардааст. Дар ҳоли ҳозир, тамоми ҷамъияти урдугоҳи Ҷиболиё ба самти ғарби шаҳри Навори Ғазза ронда шудаанд.
Ожонси имдод ва кори Созмони Милали Муттаҳид барои оворагони фаластинии UNRWA аз тахриб ва осеб расондан ба беш аз 170 таъсисоти вобаста ба ин ожонс дар саросари Навори Ғазза хабар дод. Дар баёнияи ожонси имдод ва кори Созмони Милал UNRWA омадааст: «Низомиёни исроилӣ чодарҳои оворагонро дар як мактаби вобаста ба ин ожонс дар урдугоҳи Ҷиболиё ба оташ кашиданд.» Тибқи ин баёния, оворагон аз ҷумла кӯдакон дар ҳоле, ки дар мактабҳои UNRWA паноҳ гирифта буданд, тавассути танкҳои режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар ин урдугоҳ муҳосира шуда ба шаҳодат расиданд.
Аз замони оғози ҷанги режими кӯдаккуши Исроил алайҳи Навори Ғазза, UNRWA шоҳиди осеб дидани беш аз 174 таъсисоти худ дар асари ин ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ будааст. Ба гуфтаи ин Созмон, ҳадди ақал 450 овора дар дохили ин таъсисот кушта ва 1472 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ тайи ҳамалоти худ ба шаҳри Ҷиболиё ва урдугоҳи он дар шимоли Навори Ғазза, илова бар шаҳид ва захмӣ кардани шумори зиёде аз фаластиниёни мазлум, ба мактаб ва бемористонҳо ва ҳатто чоҳои об ҳам раҳм накард.
Муҳаммад Ал-Мисрӣ як фаластинии 27 сола дар ин бора гуфтааст: «Ҳама ҷо вайрон ва чеҳраи урдугоҳ комилан тағйир кардааст. Ишғолгарони саҳюнистӣ ҳама чиз ҳатто мактабҳо ва чоҳои обро нобуд кардаанд ва инҷо дигар қобили зиндагӣ кардан нест. Минтақа ғайри қобили ҳаёт шудааст, аммо мо урдугоҳро месозем ва ҷойгузине барои он вуҷуд надорад.»
Маҳмуд Басал, сухангӯи воҳиди дифоъи шаҳрии Навори Ғазза урдугоҳи Ҷиболиёро як минтақаи фоҷиа зада хонд ва бо ишора ба берун овардани беш аз ҳафтод шаҳид аз зери оворҳо дар ин урдугоҳ токунун буда, ки бештари онон занон ва кӯдакон ҳастанд, гуфт: «тимҳои имдодӣ ҳамчунон дар ҳоли ҷустуҷӯ барои ёфтани пайкарҳои шуҳадо ва хориҷ кардани онҳо аз зери овор ҳастанд.
Ишғолгарон зерсохтҳоро дар Ҷиболиё ва атрофи он вайрон кардаанд. Шабакаи об ва фозилоб, барқ, мактабҳо, марокизи беҳдоштӣ ва даҳҳо манзил вайрон шудаанд. Генераторҳои аслӣ дар бемористони Камол Удвон дар шимоли Навори Ғазза низ нобуд шудаанд. Ишғолгарон табақаи панҷуми бемористони “Ал-Удда” дар Ҷиболиёро низ мунҳадим кардаанд.»
Созмони имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ UNRWA низ аз вайроние, ки низомиёни ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба бор овардаанд, хабар дода ва дар баёнияе овардааст: «Оворагон, ки дар миёни онҳо кӯдакон низ ҳастанд дар мактабҳои UNRWA ба дасти артиши режими ҷинояткори Исроил кушта шудаанд. Артиши ҷинояткори Исроил чодарҳое, ки афрод дар мактабҳои мо ба он паноҳ овардаандро оташ задаанд. Беш аз 170 сохтумони UNRWA дар саросари Ғазза дар маърази тахриб ва вайронӣ қарор гирифтааст. Ҳамалот ба дафотири мо бояд поён ёбад ва ҷинояткорон бояд муҷозот шаванд.»
Тахриби мактабҳо ва бомбаборони хонаҳо ва бемористонҳо ва ҳадаф қарор додани мустақими занон ва кӯдакон тавассути режими ҷинояткори саҳюнистӣ ин режими ҷаълиро аз ҷинояткорони таърих мутамоиз мекунад. Дар бештари ҷангҳои таърихӣ шоҳиди ин ҳастем, ки аз ҳадаф қарор гирифтани кӯдакон ва занон ҷилавгирӣ мешавад, аммо дар набарди нобробри ишғолгарони саҳюнистӣ алайҳи миллати мазлуми Фаластин кӯдакон низ мавриди ҳадаф қарор мегиранд.
Амрико ва қудратҳои султагар бо ҳимоят аз режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва иқдомоти ғайри инсонии ин режим мехоҳанд масъалаи Фаластин ба фаромӯшӣ сипурда шавад ғофил аз ин ки Фаластин масъалаи фаромӯш шуданӣ нест.
https://tajikpress.com/2024/11/14/