IQNA

Таҳлили истинодоти қуръонии ҳазрати Фотима (с) дар хутбаи иёдат

19:09 - November 15, 2024
рақами хабар: 2422
ИКНА - Ҳазрати Фотима (с) дар хутбаи иёдат ба 13 оят истишҳод карда ва бар асоси ин оёт дидгоҳҳои худро баён мефармояд.

Ҳуҷҷатулислом Алиризо Қубодӣ, ҷомеашинос ва коршиноси дин, ба муносибати айёми шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) силсилаи ёддоштҳое дар ихтиёри ИКНА қарор додааст, ки аввалин бахши онро дар идома бо ҳам мехонем.

اللّهمَّ صَلِّ عَلی فاطِمَهَ وَ ابی‌ها وَ بَعلِها و بَنی‌ها
Манобее, ки ҳаёти ҳазрати Фотима (с)-ро пас аз иртиҳоли Расули Худо (с) 75 рӯз муҳосиба мекунанд, сездаҳуми Ҷумодил-аввалро сол рӯзи шаҳодати он ҳазрат медонанд. Аз ин рӯ шиъаён ва дӯстдорони ҳазрати Фотима (с) дар чунин айёме бо барпоии маҳофили мазҳабӣ фазоил ва маноқиб, ҳамчунин омӯзаҳои он ҳазратро ёдоварӣ мекунанд.

Ҳамонгуна, ки медонед он ҳазрат дар хутбаи Фадакия, ба 30 ояти Қуръони Карим истинод карданд дар хутбаи иёдат, ки дар муқоиса бо хутбаи Фадакия бисёр кӯтоҳтар аст ба 13 оят истишҳод фармуданд. Дар оғози оёте, ки он ҳазрат дар ин хутба ба он истинод карданд, мазмуни аслии онҳоро бар мешуморем: 
 1.    Сураи Моида ояти 80, вижагиҳои аҳли китоб ва тамоюли бани Исроил дар дӯстӣ бо кофирон ва... 
 2.    Сураи Ҳуд ояти 44, нифрин бар золимон ва ситамгарон 
 3.    Сураи Зумар ояти 15, огоҳӣ додан ба хисорати ошкор ва парҳез аз онҳо 
 4.    Сураи Аъроф ояти 96, нузули баракот барои аҳли замин ба шарти имон ва тақвои илоҳӣ 
 5.    Сураи Зумар ояти 51, мушоҳидаи осори суи рафтори золимон ва фарҷоми бади онон 
 6.    Сураи Раъд ояти 5, суханони аҷиби кофирон 
 7.    Сураи Ҳаҷ ояти 33, интихоби ҳамнишинон ва сарпарастони бад 
 8.    Сураи Каҳф ояти 50, ҷойгузини бади золимон 
 9.    Сураи Каҳф ояти 104, нек пиндоштани кори бад 
 10.   Сураи  Бақара ояти 12, табаҳкорони бе ақл ва шуъур 
 11.   Сураи Юнус ояти 35, қазовати нодуруст дар табаият ва пайравӣ 
 12.   Сураи Ҷосия ояти 27, забони ботили андешон 
 13.   Сураи Ҳуд ояти 28, пӯшидагии умур барои бархе 
 Дар гуфтори баъд дар бораи мӯҳтаво ва мазмуни оёт истинод шуда ва матни хутбаи иёдат нукоте тақдим мекунам ва аз Худованди Маннон тавфиқи маърифат ва баҳрагирӣ аз омӯзаҳо ва маорифи асили Аҳли байт алайҳимус-саломро хосторем.

https://iqna.ir/fa/news/4248149/

captcha