Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-Олам, дидори панҷшанбе шаби тимҳои футболи Фаронса ва режими саҳюнистӣ дар чорчуби рақобатҳои «Ҷоми миллатҳои Аврупо» дар варзишгоҳи «Устод Де Франс»-и Париж, ба ошуб ва даргирӣ миёни ҳаводорони ду тим кашида шуд.
Тамошогарони фаронсавӣ пеш аз оғози мусобиқа ва дар ростои мухолифат бо наслкушии фаластиниён дар Ғазза ва ҳимоят аз Қудс ба таври яксадо дар замони пахши суруди режими саҳюнистӣ иқдом ба дод ва фарёд кардан.
Созмони радио ва телевизиони Исроил гузориш дод даргирӣ байни ҳаводорони исроилӣ ва фаронсавӣ дар варзишгоҳи «Де Франс» дар ҳоле сурат гирифт, ки Ронин Бар, раиси Шобок дар Париж ҳузур дорад то бар амалиёти амниятӣ назорат кунад.
Пеш аз ин, тайи рӯзҳои ахир тарафдорони фаластинӣ дар эътироз ба мусобиқаи футболи Фаронса ва Исроил чандин бор даст ба тазоҳурот ва таҷаммӯъоти гуногун задаанд.
Ин бозӣ панҷшанбе шаб, дар Фаронса баргузор шуд ва 20 ҳазор билети он фурӯхта шуда буд. Ҳудуд 150 ҳаводори тими режими саҳюнистӣ дар варзишгоҳ ҳозир буданд, ки бархе аз онҳо парчамҳои ин режимро дар даст дошта ва бо ҳаводорони тими Фаронса ва нирӯҳои амниятӣ дар варзишгоҳ даргир шуданд.
Нирӯҳои амниятӣ барои бозгардондани оромиш ба варзишгоҳ бо ҳаводорони тими режими саҳюнистӣ даргир шуданд, аммо ҷавви варзишгоҳ дар ҳини бозӣ ҳамчунон муташанниҷ буд. Бархе гузоришҳо ҳокӣ аст, ки даргириҳое дар берун аз варзишгоҳ низ рух дод.
Хабаргузории русии ТАСС низ ба нақл аз рӯзномаи фаронсавии «Акиб» гузориш дод, ки ин даргириҳо ҳудуди 20 дақиқа пас аз оғози бозӣ рух дод.
Гуфта мешавад Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса низ барои тамошои ин бозӣ ба варзишгоҳ рафта буд.