Аз маҷмӯъи оёт аз ҷумла ояти 13 сураи муборакаи Исроъ, ки мефармояд وَ كُلَّ إِنسانٍ أَلْزَمْناهُ طائِرَهُ فِي عُنُقِهِ وَ نُخْرِجُ لَهُ يَوْمَ الْقِيامَةِ كِتاباً يَلْقاهُ مَنْشُوراً اقْرَأْ كِتابَكَ» "Аъмоли ҳар инсонеро ба гарданаш қарор додҳаем мо рӯзи қиёмат китобе барои ӯ берун меоварем, ки онро дар баробари худ гушӯда мебинад (ин ҳамон номаи аъмоли ӯст ба ӯ мегӯем: китобатро бихон» истифода мешавад, ки ҳамаи аъмоли одамӣ бо тамоми ҷузъиёт дар номае сабт мешавад, ва рӯзи растохез агар некӯкор бошад номаи аъмолаш ба дасти рости ӯ, ва агар бадкор бошад ба дасти чапи ӯ медиҳанд.
Ин нома бидуни шак аз ҷинси китоб ва дафтар ва номаҳои маъмулӣ, нест ва лизо баъзе аз муфассирон гуфтаанд ин номаи амал чизе ҷузи «рӯҳи инсон» намебошад, ки осори ҳамаи аъмол дар он сабт аст зеро мо ҳар амале анҷом медиҳем хоҳ нохоҳ асаре дар рӯҳ ва ҷони мо мегузорад.
Бидуни шак баёни густурда ва шарҳи номаи аъмол дар оёти қуръонӣ ва ривояти махсусан бо таваҷҷуҳ ба ин ки тамоми ҷузъиёти аъмол ва суханон ва ниёт дар он сабт мешавад дар дараҷаи аввал ба манзури осори тарбиятии он аст. Касе, ки медонад доиман навори забти савтӣ ҳамроҳи ӯ аст ва як дастгоҳи комилан муҷаҳҳаз филмбардорӣ дар хилват ва иҷтимоъ аз ботин ва зоҳир, ва дарун ва беруни ӯ, филмбардорӣ мекунад, ва саранҷом тамоми ин филмҳо, ва он наворҳо, ба сурати парвандаи зинда ва гӯё ва ғайри қобили инкоре дар як додгоҳи адли бузург матраҳ мешавад, ба таври яқин чунин инсоне комилан муроқиби аъмол ва рафтор ва гуфтори хеш хоҳад буд, ва тақвои неруманде бар дарун ва беруни вуҷуди ӯ ҳоким мешавад.
Имон ба масъалаи номаи амал, ки ҳар сағир ва кабире дар он навишта шудааст ва фариштагоне, ки шабу рӯз бо инсонанд ва маъмури сабт ва забти ин аъмоланд, ва имон ба ин ҳақиқат, ки дар саҳнаи маҳшар номаи аъмол дар баробари дидаи ҳамагон гушӯда мешавад ва тамоми гуноҳони навишта шуда дар он намоён мегардад ва мояи русвоӣ дар миёни дӯст ва душман аст, омили боздорндаи аҷибе аз гуноҳон аст.
Ба акс номаи аъмоли некӯкорон сабаби обрӯ ва эътибор ва ифтихори онҳо мегардад, ҳатто аз ончи дар мисоли навор ва филм гуфта шуд бартар ва болотар ва муассиртар аст ва ин ангезаи муҳимме бар аъмоли нек хоҳад буд, мунтаҳо гоҳ имонҳо заиф аст, ва гоҳ ҳиҷоби ғафлат мояи дӯрии инсон аз ин ҳақоиқи муҳим мегардад, ва-гарна имон ба ин асли қуръонӣ барои тарбияти ҳар инсон кофӣ аст.