IQNA

"Паёмҳои Худо барои шумо" дар кабинаи шишагини Намоишгоҳи китоби Шарҷа

21:55 - November 17, 2024
рақами хабар: 2432
ИКНА - Дар ҳошияи чиҳилу севумин рӯйдоди Намоишгоҳи байналмилали китоби Шарҷа, идораи радио ва телевизиони Шарҷа таҳти унвони «Паёмҳои Худо барои шумо» таҷрибаи маънавии мунҳасир ба фардеро ироа мекунад.

Ба гузориши Иморот Ал-Явм, идораи радио ва телевизиони Шарҷа бо таъбияи як «кобини шишаоӣ» боздидкунндагони Намоишгоҳи китоби Шарҷаро ба шунидани навои Қуръон ва тафсири оёти илоҳӣ даъват мекунад. 

Дар ин ғурфа ҳар боздидкуннда метавонад вориди кобин шавад ва сипас савти теъдоде аз қориёни барҷастаро бишинавад.

Абдуллоҳ Оли Алӣ, раиси идораи арзёбии барномаҳои шабакаи Қуръони Карими телевизиони Иморот дар ин бора гуфт: 27 оят аз китоби Қуръони Карим баргузида ва диққат шуд, ки ҳама оёт дар бардорндаи мафоҳими ахлоқӣ аз арзишҳои волое бошад, ки дини мубини Ислом моро ба доштани он сифориш мекунад ва боризтарини онҳо арзишҳои мудоро, сулҳ, сабр, таслим дар баробари сарнавишт ва тақдир ва пешгомӣ дар умури хайр ва адои амонат аст.

Дар «кобини шишаӣ» барои оёти интихоб шуда покатҳои вуҷуд дорад, ки боздид кунанда яке аз онҳоро интихоб мекунад, бидуни инки бидонад кадом оя рӯи коғази дохили покат навишта шудааст сипас шумораи ояро вориди лавҳи электируник мекунад.

Оли Алӣ тасреҳ кард: Мавзӯъ ба гӯш додан ба оёт хатм намешавад ва пас аз он боздидкуннда ба шарҳи ҷомеъи он оят тавассути яке аз муфассирон гӯш медиҳад, зеро ҳадаф фақат гӯш додан нест, балки тадаббур дар тафсири оёт аст ва касоне, ки ин фаъолиятро таҷриба карданд аз ин иқдом ва идда бесобиқа тамҷид ва таҳсин карданд.

Вай бо баёни инки эҳтимом ба Қуръони Карим дар Намоишгоҳи китоби Шарҷа амри ғариб нест, гуфт: Қуръони Карим танҳо як китоби эътиқодӣ нест, балки ҷузъи зарурии фарҳанги арабӣ исломӣ аст.

Ин масъули расонаӣ афзуд: зеботарин чиз дар ин таҷриба ҳолати инзивои рӯҳӣ аст, ки инсон бо баста шудани дарби кобин эҳсос мекунад ва ҳавоси ӯ комилан бар тадаббур дар оёт ва лаззат бурдан аз тиловати онҳо мутамаркиз ва дар ниҳоят мӯҷиби афзоиши нишоти маънавии ношӣ аз иртиботи ӯ бо Холиқи Мутаол мешавад.

Намоишгоҳи байналмилалии китоби Шарҷа дар чиҳилу севумин давраи худ мизбони 2522 ношир ва ғурфадор аз 112 кишвар хоҳад буд, ки 835 нафар аз онҳо Араб ва 264 нафар хориҷӣ ҳастанд. Имороти Муттаҳидаи арабӣ бо 234 ношир, Миср бо 172 ношир, Лубнон бо 88 ва Сурия бо 58 ношир пештози ширкаткунандагон дар ин Намоишгоҳ ҳастанд. Дар бахши байналмилалӣ, Биритониё бо 81 ношир ва Ҳинд бо 52 ношир дар рутбаҳои баъдӣ қарор доранд.

Дар чиҳилу севумин давраи Намоишгоҳи байналмилалии китоб Шарҷа, Марокаш ба унвони меҳмони ифтихорӣ интихоб шудааст. Дар ин давра ҳамчунин 600 коргоҳи омӯзишӣ барои тамоми гурӯҳҳои синнӣ баргузор хоҳад шуд.

Созмони китоби Шарҷа (SBA) шиори чиҳилусевумин давраи Намоишгоҳи байналмилали китоби Шарҷа (SIBF 2024)-ро, ки аз 6 то 17 ноябр дар Шарҷа дар ҳоли баргузорӣ аст, бо унвони «Бо як китоб шурӯъ мешавад», муаррифӣ кардааст.

«پیام‌های خدا برای شما» در کابین شیشه‌ای نمایشگاه کتاب شارجه

https://iqna.ir/fa/news/4248519

captcha