IQNA

Поп хостори таҳқиқоти байналмилалӣ дар бораи «наслкушии Исроил дар Ғазза» шуд

20:57 - November 18, 2024
рақами хабар: 2442
ИКНА - Раҳбари католикҳои ҷаҳон дар як мавзеъгирии сареҳ хостори таҳқиқоти байналмилалӣ дар бораи наслкушии Исроил алайҳи Фаластиниён шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Попи Франсиск, раҳбари католикҳои ҷаҳон хостор барраси байналмилалӣ дар бораи эҳтимоли иртикоби наслкушӣ дар Ғазза аз сӯи режими саҳюнистӣ шуд.
Хабаргузории Рейтер инро сареҳтарин интиқоди Поп аз Исроил тайи ҷанги як солаи ин режими ҷинояткор алайҳи мардуми Фаластин хондааст.
Дар хулосаое, ки аз як китоб дар дасти чопи рӯзи як шанбе мунташир шуда, Поп таъкид карда, ки бархе аз коршиносони байналмилалӣ мӯътақиданд «он чи, ки дар Ғазза дар ҳоли рух додан аст вижагиҳои як наслкуширо дорад.»
Бар асоси гузориши рӯзномаи Италияии “La Stampa”, Попи Франсиск, дар идома гуфта, «Мо бояд ба диққат баррасӣ кунем то арзёбӣ кунем, ки оё ин бо таърифи фаннии (наслкушӣ), ки тавассути ҳуқуқдонон ва созмонҳои байналмилалии формализа шуда, мутобиқат дорад ё хайр.
Дар декабри гузашта Африқои Ҷанубӣ ба далели нақзи конвенцияи наслкушӣ алайҳи Исроил дар девони додгустарии байналмилалӣ парвандае ташкил дод.
Попи Франсиск, то кунун борҳо аз ҷиноёти Исроил дар Ғазза ва Лубнон интиқод кардааст.
Вай дар моҳҳои қабл низ бо ғайри ахлоқӣ хондани иқдомоти режими палид ва кӯдаккуши Исроил дар Ғазза гуфта буд, «Ман ҳар рӯз бо ноҳияи Ғазза тамос мегирам, беш аз 600 нафар онҷо ҳастанд, дар ноҳияи (қаламрави кашиш) ва дар коллеҷ ва иттифоқоте, ки онҷо рух медиҳадро ба ман мегӯяанд, аз ҷумла зулмҳое, ки онҷо иттифоқ меафтад.»

https://tajikpress.com/2024/11/18/

captcha