Ба гузориши манобеи хабарӣ, ин Қуръон рӯи варақи тило ва дар сафҳаи обиранг китобат шуда ва аз машҳуртарин нусахи хаттии Қуръон дар ҷаҳон ва муҳиммтарин намунаҳо дар хатти исломӣ аст.
Дар ин нусха Қуръон, ки бо истифода аз равиши тасвирбардории чанд тайфӣ, оёти он шиносоӣ шудааст, оёте аз сураи Нисо дида мешавад. Дар ин равиш матнҳо ва тасовире, ки дар асари мурури замон маҳв шуда ва бо чашми оддӣ қобили дидан нест, мушаххас мешавад.
Таърихи ин нусхаи хаттӣ ба солҳои 800 то 900 мелодӣ бармегардад ва сафаҳоти обии равшан ё нилӣ, хатти куфии тилоӣ ва тазъиноти нуқраоӣ аз вижагиҳои ин Қуръон аст.
Ин Қуръон бо хатти куфӣ китобат шуда, ки хониши ин навъ хат ба далели истифода аз ҳуруфи арабии бидуни нуқта ва аъробгузорӣ, душвор аст.
Ин нусхаи Қуръон дар асли 600 сафҳа рӯи пӯст китобат шудааст, ки имрӯз танҳо 100 сафҳа аз он дар музейҳо ва маконҳои шахсӣ нигаҳдорӣ мешавад ва 5 сафҳа аз он дар музаи миллии Зоид ба намоиш даромадааст.
Музаи миллии Зоид ин сафҳа аз сафаҳоти Қуръони обиро дар салоне ба намоиш дархоҳад овард; Солне, ки уфуқҳои васееро, ки мардуми Иморот дар гузашта аз он баҳраманд буданд ва таъсироти навовариҳо ва дониши онҳоро, ки бо тавсеаи забони арабӣ ва густариши Ислом ба авҷи худ расид, ба боздидкунндагон муаррифӣ мекунад.