Ба гузориши торномаи остони Ҳусайнӣ, Сайид Муртазо Ҷамолуддин, муовини илмии раиси Дорул-Қуръони остони Ҳусайнӣ гуфт: Ин академия бо ҳадафи тақвияти фаъолиятҳои қуръонии ҳофизони Қуръон дар арсаи байналмилалӣ роҳандозӣ мешавад.
Вай дар бораи фаъолиятҳои моҳи мубораки Рамазони Дорул-Қуръон афзуд: Ин марказ нахустин мусобиқаи Қуръони Рамазонияро дар дастури кор қарор дода, ки шомили 100 савол ва ҷавоизи нақдии арзишманд барои бартаринҳост ва бо ҳадафи тақвияти таомул бо мутуни қуръонӣ баргузор хоҳад шуд.
Сайид Муртазо Ҷамолуддин тасреҳ кард давраҳои қуръонии Дорул-Қуръон низ бо ҳимоят ва назорати остони Ҳусайнӣ оғоз шудааст ва бо ҳадафи омодасозии ширкаткунандагон барои фаъолият ба унвони мураббиёни Қуръон думбол мешавад.
Бино бар ин гузориш, барномаҳо ва давраҳои маҷозии Қуръон ба манзури тақвияти фарҳанги қуръонӣ аз тариқи интернит бо ҳузури беш аз 8 ҳазор ширкаткунанда аз 14 кишвар аз ҷумла Ироқ, Арабистон, Кувайят, Баҳрайн, Эрон ва Амрико дар Дорул-Қуръони остони Ҳусайнӣ дар ҳоли аҷрост.
Улуми қуръонӣ ба забони содда, оёт дар бораи имом Ҳусайн (а) ва имом Ҳаҳди (аҷ) ва суннатҳои илоҳӣ дар Қуръон аз мабоҳиси матраҳшуда дар ин давраҳои қуръонӣ аст ва ин давраҳо бо истиқболи густурдаи бонувон ва оқоён мувоҷеҳ шудааст.
Ҳамчунин баргузории давраи мусобиқоти маҷозии Қуръон бо ҳадафи тақвияти фарҳанги қуръонӣ ва иҷрои барномаи «Маорифи Қуръонӣ» аз тариқи платформи «Зум» бо ҳузури гурӯҳе аз донишгоҳиён ва коршиносон аз дигар барномаҳои Дорул-Қуръон остони Ҳусайнӣ барои тақвияти огоҳии қуръонӣ аст.