IQNA

Ғаза ба қабристони кӯдакон табдил шудааст

16:28 - November 21, 2024
рақами хабар: 2456
ИКНА - Кумиссари генералии "UNRWA" бо ишора ба кушта шудани кӯдакони фаластинӣ аз сӯи артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ бори дигар таъкид кард, ки Ғазза ба як қабристони кӯдакон табдил шудааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Филип Лазарини”, Комиссари генералии Ожонси кӯмак ва кор бо гурезаҳои фаластинии Созмони Милали Муттаҳид (UNRWA), изҳор дошт, ки имрӯз, се даҳсола пас аз қабули Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳуқуқи кӯдакони фаластинӣ Ҳар руз вайрон карда мешаванд ва махсусан, ки Навори Ғазза ба Қабристони кӯдакон мазлуми Фаластин табдил шудааст.

Ин бори аввал нест, ки Навори Ғазза ба унвони “гӯристони кӯдакон” тавсиф мешавад, ЮНИСЕФ низ дар авоили моҳи ҷорӣ аз ин тавсиф дар ҳоле истифода кард, ки дар пайи ҳамлаҳои бепарвоёнаи режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар Навори Ғазза шаҳодати кӯдакон дар Ғазза афзоиш ёфтааст. Ин Созмон бар итмоми куштори кӯдаккон аз сӯи режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ таъкид кардааст.

Қаблан, “Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, 6 ноябри соли 2023 ва дар рӯзҳои аввали ҷанг, вазъи Ғаззаро “берун аз бӯҳрони башардӯстона” тавсиф карда ва таъкид карда буд, ки “Ғазза ба як қабристони кӯдакон табдил шудааст.

Филип Лазарини ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шабакаи иҷтимоии “X” (Твитери пешин) навишт: Кӯдакон дар Навори Ғазза кушта ё маҷрӯҳ мешаванд, маҷбур ба фирор мешаванд ва аз амният, омӯзиш ва бозӣ маҳруманд, кӯдакӣ аз онҳо гирифта шудааст.

Вай изҳор дошт: Дар соҳили ғарбии ишғолшуда кӯдакон дар тарсу ҳарос ба сар мебаранд ва аз 7 октябри соли 2023 беш аз 170 кӯдак дар он ҷо кушта шудаанд ва ҳамзамон кӯдакони дигар дар боздоштгоҳҳои Исроил кӯдакии худро аз даст медиҳанд.

Кумиссари генералии UNRWA изҳор дошт: Сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин ҷои муносиб барои кӯдакон нест, кӯдакони фаластинӣ сазовори сулҳ, адолат ва ояндаи беҳтар ҳастанд, ки режими ҷинояткори саҳюнистӣ ин ҳакро аз онҳо гирифтааст.

Дар ҳамин иртибот,сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба муносибати 20 ноябри рӯзи ҷаҳонии кӯдак бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимои “X” ( Твитери собиқ ), ин рӯзро фурсате барои дида шудани дарду ранҷи кӯдакони Ғазза унвон кард.

20 ноябр аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид ба унвони рӯзи ҷаҳонии кӯдак номгузорӣ шудааст. Ба ҳамин муносибат «Исмоили Бақоӣ» сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар шабакаи иҷтимоӣ “X” навишт: Ин рӯз, ёдовари ҳақи ҳамаи кудакҳо барои зиндагӣ дар сулҳ ва амният аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Бақоӣ бо баёни ин ки Ғазза зери бомбаборонҳои беамон, ба қабристони кӯдакон табдил шудааст афзӯд: Дар ин як сол, беш аз 17 ҳазор кӯдаки фаластинӣ саллохӣ шудаанд, ҳазорон кӯдак нопадид шуда, даҳҳо ҳазор кӯдак маҷрӯҳ ва садҳо нафар бидуни беҳӯши таҳти ҷарроҳиҳоии қатъи узв қарор гирифтаанд, беш аз 35 ҳазор кӯдак ятим шуда ва бисёриҳо низ ҳамаи аъзои хонаводаи худро аз даст додаанд; Наздик ба 4 ҳазор кӯдак бар асари гуруснагӣ ҷон додаанд ва теъдоди бешуморе низ ба иллати гуруснагӣ, беморӣ ва оворагӣ ва камбӯди чизҳои аввалия дар маърази хатар ҳастанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Онтавр, ки хонуми «Francesca Albanese» гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Фаластин гузориш додааст, дар чанд даҳаи ахир солона садҳо кӯдаку навҷавони фаластинӣ тавассути режими ҷинояткори Исроил рубоиш ва ба гаравгон гирифта шудаанд.

Бақоӣ бо баёни ин ки куштору шиканҷаи кӯдакони бегуноҳи фаластинӣ захмҳои амиқе бар виҷдони башарият эҷод кардааст афзӯд: Беамалӣ ва бе тафовутии ниҳодҳои салоҳиятдори ҳуқуқи башарӣ ва Созмони Милали Муттаҳид ба масобаи намаке бар ин захми амиқ ва монее бар сари илтиёми он аст ва акнӯн замони он фарорасидааст, ки ҷаҳон ба бекайфармонӣ муртакиби ҷиноёти золимона алайҳи кӯдакони фаластинӣ поён диҳад.
https://tajikpress.com/2024/11/21/

captcha