IQNA

Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ аз амри боздошти Нетаняҳу истиқбол карданд

19:25 - November 22, 2024
рақами хабар: 2461
ИКНА - Ҷунбиши Ҳамос эълон кард: Мо аз судури дастури боздошти террористҳо Нетаняҳу ва Галант аз сӯи Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ бо иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият истиқбол мекунем.

Ин ҷунбиш афзуд: Мо аз Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ хоҳиш мекунем, ки ҳамаи раҳбарони Исроилро таъқиб ва муҷозот кунад.
Дар баёнияи ин ҷунбиш омадааст: Мо аз кишварҳои ҷаҳон хоҳиш мекунем, ки барои боздошти Нетаняҳу ва Галант, ду ҷинояткори ҷангӣ бо додгоҳ ҳамкорӣ кунанд ва ба ҷиноятҳои наслкушӣ алайҳи мардуми осоишта дар Ғазза хотима бахшанд.
Аз сӯи дигар, Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин аз ҳукми боздошти раҳбарони саҳюнистӣ истиқбол кард ва онро иқдоме дар роҳи дуруст арзёбӣ кард.
Ин ҷунбиш таъкид кардааст, ки ҳарчанд ин ҳукм хеле дер содир шудааст, аммо ин “қадам дар самти дуруст” аст.
Дар шароите, ки аз оғози ҷанг дар Ғазза 412 рӯз сипарӣ мешавад, режими ишғолгари саҳюнистӣ ҳамчунон ба хунрезӣ ва ҷиноятҳои бештар дар ин навор идома медиҳад. Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки бо гузашти беш аз як соли ҷанг, куштор ва қатли оми мардум дар ин минтақа аз рӯзҳои аввали ҷанг фарқ накардааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, рӯзи панҷшанбе Додгоҳи байнулмилалии ҷиноии Гаага ҳукми боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир ва Ёав Галант, вазири собиқи дифои режими саҳюнистиро ба далели “анҷоми ҷиноятҳои ҷангӣ дар Ғазза” содир кард.

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ бар ин назар аст, ки далелҳои қобили мулоҳизае вуҷуд доранд, ки Нетаняҳу ва Галант ҷиноят содир кардаанд. Додгоҳ эълон кард, ки пазириши Исроил аз салоҳияти додгоҳ нолозим аст.

Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ бо таъкид бар он, ки ҷиноятҳои марбут ба Нетаняҳу ва Галант аз гуруснагӣ ба унвони силоҳ иборат аст, афзуд: Ҷиноятҳои ҷангӣ алайҳи Нетаняҳу ва Галлант куштор, шиканҷа ва дигар аъмоли ғайриинсониро дар бар мегирад.

Пас аз судури ҳукми боздошти сарвазир ва вазири ҷанги Исроил аз сӯи Гаага мақомоти аршади ин режим дарҳол мавқеъҳои худро эълом карданд, дар ҳоле ҳимоят аз Нетаняҳу ва Галантро бо як оҳанги таҳдид тақозо карданд, ки Тел-Авив алайҳи ин додгоҳ, қозиҳо ва омилҳои муассир барои содир кардани ҳукмҳои байнулмилалӣ алайҳи мақомоти баландпояи саҳюнистӣ иқдомоте анҷом диҳад.

https://iqna.ir/fa/news/4249708

captcha