IQNA

Оятуллоҳ Систонӣ ҳамлаи террористӣ ба шиъаёни Покистонро маҳкум кард

18:14 - November 23, 2024
рақами хабар: 2466
ИКНА - Оятуллоҳ Сайид Алии Систонӣ, марҷаъи шиъаёни Ироқ, дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи террористӣ ба шиъаёни Парачинори Покистон, ки ба шаҳодати теъдоде аз пайравони Аҳли байт (а) шуд тасаллият гуфт ва ин ҳодисаро маҳкум кард.

Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон

(إنَّا للّٰه وإنا إليه راجعون)

Бародарону хохарони вафодори Параченари Покистон

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва барокатуҳ

Террористони бераҳм боз чинояти ваҳшиёнае анҷом доданд ва ба мусофироне, ки аз Параченар ба Пешовар мерафтанд, Ҳуҷум бурда, ин мардуми мазлум ва мусулмонро кушта ва маҷрӯҳ карданд.

Мо ба хонаводаи ин азизон тасаллият баён карда, барои осебдидагон ва шаҳидони ин ҳодиса сабру таҳаммул ва шифои ҳарчи зудтар таманно дорем.

Ҳавзаи илмияи Наҷаф ва мароҷеи шиъа бо маҳкум кардани ин ҷинояти ваҳшиёна, ки ваҳдати мусалмононро ҳадаф қарор додааст, аз ҳукумати мӯҳтарами Покистон тақозо мекунад, ки барои ҳифзи мардуми мазлум аз зулм ва ҷиноёти гурӯҳҳои террористӣ тадобири зарурӣ бияндешанд ва нагузорад, ки бегуноҳон ва мӯъминон, гоҳо ва гоҳо ба ҳамлаҳои хушунатомез ва ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористӣ ва бераҳм дучор шаванд.

Баъди ҳамлаи террористӣ ба шиъаёни ва беш аз 40 нафар ба шаҳодат расиданд. Дар миёни шаҳидони ин ҳамлаи ваҳшиёнаи террористӣ дастикам 11 зан ва 7 кӯдаки навзод низ будааст.

https://iqna.ir/fa/news/4249891

captcha