Ба гузориши хабаргузории “Ал-Маёдин”, расонаҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд, ки ҷасади Тезевӣ Коган, хохоми ва муҳоҷири саҳюнистӣ, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб нопадид шудааст, пайдо ва ҷасади ӯ шиносоӣ шуд.
Дафтари Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ низ кашфи ҷасади хохомро таъйид кард.
Дафтари Нетаняҳу эълом кард: Қатли ин хохом як ҳодисаи амниятии зидди яҳудӣ аст ва мо ҳама коре ки аз дастамон меомадаро мекунем, то омилони ин ҳодисаро мушаххас кунем.
Сомонаи рӯзномаи саҳюнистии «Едиот Аҳанот» низ дар ин бора навиштааст, ки ниҳодҳои иттилоотии режими саҳюнистӣ барои таҳқиқи ин ҳодисаи ғайри оддӣ бо Имороти Муттаҳидаи Араб ҳамоҳанг ҳастанд.
Хонаводаи ин хохоми саҳюнистӣ эълом карданд, ки дар рӯзҳои ахир иртибот бо ӯ қатъ шудаанд, дар ҳоле ки талошҳо барои пайдо кардани макони ӯ идома дорад.
Ин хохоми саҳюнистӣ яке аз афсарони бригадаи "Гиватӣ" дар артиши саҳюнистӣ будааст.
Хохоми номбурда низ узви ташкилоти Хабод буд. Ин созмон як созмони ифротӣ аст, ки мехоҳад тамоми фаластиниёнро аз кишвар берун кунад ва ба ҳузури онҳо дар ҳеҷ куҷо дар Фаластин бовар надорад. Ин созмон дар замони ҷанги наслкушӣ дар Ғазза дар ҳимоят аз артиши режими саҳюнистӣ фаъол буд ва барои он кумаки молӣ ҷамъоварӣ мекард ва ба таври ошкор хостори азсаргирии бунёди шаҳракҳо дар Ғазза шудааст. "Аввалин хонаи Хабод дар Ғазза" ин ибораест, ки истилогарон дар як хона дар Бейт Ҳанун навиштаанд.