Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал-Ҷумҳур, 36 соли пеш дар чунин рӯзе (30 ноябри 1988) шайх Абдулбосит Абдуссамад, соҳиби ҳанҷараи тилоии қироат ва маъруф ба савти Макка аз миёни мо рафт; қории номдоре ки милюнҳо нафар аз ақсо нуқоти ҷаҳон то ба имрӯз ба тиловати ӯ гӯш фародода ва бо савти некӯи ӯ унс гирифтаанд.
Абдулбосит аз бузургтарин қориёни Қуръони таърихи ҷаҳони Ислом ба шумор меояд, ки бо садои малакутӣ ва мунҳасир ба фардаш, мактаби шохисе дар тиловати бунёнии ниҳод ва манбаи илҳоми ошиқони Қуръон дар ҳамаи ҷаҳон шуд.
Парвариш дар муҳити қуръонӣ
Дар соли 1927 дар рустои «Мароаза» дар шаҳри «Ермант»-и устони «Қано»-и Миср мутаваллид шуд ва дар муҳити қуръонӣ парвариш ёфт.
Падараш шайх Абдуссамад ва падарбузургаш шайх «Муҳамад Абдуссамад» аз барҷастатарин ҳофизон ва қориёни Қуръон буданд ва шайх Абудовуд, падарбузурги модарии ӯ, аз урафо замони худ буд, ки мақбараи маъруф дар шаҳри Ерманти Миср дорад.
Абдулбосит дар шаш солагӣ ба мактбхона рафт ва дар 10 солагӣ муваффақ ба ҳифзи кулли Қуръон шуд.
Ӯ ба тиловатҳои қориёни барҷастае монанди шайх Муҳамад Рафъат ва шайх Абул-Айнайни Шуайшаъ гӯш медод ва ҳамин амр сабаб шуд, ки истеъдодаш дар тиловати Қуръон рушд кунад ва бо вуҷуди синни кам, ба тиловати Қуръон бипардозад ва ба қории машҳуре дар Миср табдил шавад.
Абдулбосит дар соли 1950 барои зиёрати мақбараҳои мунтасаб ба Аҳли байт (а) ба Қоҳира рафт ва дар шаби мелоди ҳазрати Зайнаб (с) дар масҷиди «Сайида Зайнаб (с)» фурсат ёфт, ки тиловате дар баробари бисёре аз ошиқони Қуръон ироа диҳад, ҳангоме ки Қуръон тиловат кард, савти малакутиаш ҳуззорро ба ваҷд оварад ва он шаб нуқтаи оғози шӯҳраташ дар Миср ва хориҷ аз он буд.
Дурахшиш дар радиои Миср
Шайх Абдулбосит дар соли 1951 дар озмуни радио Қуръони Миср ширкат кард ва рутбаи мумтозе гирифт ва билофосила ба яке аз қориёни барҷастаи радио табдил ва шӯҳраташ рӯз ба рӯз бештар шуд ва радио ҳар ҳафта замони мушаххасеро ба тиловатҳои ӯ ихтисос дод; ба лутфи тиловатҳои шайх хариди радио дар Миср бо истиқбол мувоҷеҳ ва савти ӯ ба бахше аз зиндагии рӯзмарраи шаҳрвандони мисрӣ табдил шуд.
Бисёре аз подшоҳон ва руасои ҷумҳури кишварҳо тиловати Абдулбоситро дӯст доштанд, Малик Муҳаммад Хомис аз подшоҳони Мағриб (Марокаш) яке аз алоқамандони савти ӯ буд ва аз Абдулбосит хост то барои ҳамеша дар ин кишвар иқомат гузинад; аммо ӯ напазируфт ва муаддабона узрхоҳӣ кард.
Касби нишонҳои ифтихорӣ
Абдулбосит нишонаҳои зиёдеро аз кишварҳои мухталиф аз они худ кард, ки нишони баҳраварии фикрӣ аз Марокаш, нишони лаёқат аз Индонезия, нишони тиллои Покистон дар соли 1958, нишони радиои Миср дар панҷоҳумин солгарди радио дар соли 1984, нишони дараҷаи як улум ва ҳунар дар шаби Лайлатулқадр дар соли 1990 нишонаҳое аз Тунис, Лубнон, Сурия ва Ироқ аз ҷумлаи онҳо буд.
Ӯ дар Масҷидул-Ақсо Қуръон тиловат кард ва муфтахар буд, ки дар меъроҷгоҳи ин масҷид муваффақ ба тиловати Қуръон шудааст, ин таловат таъсири амиқе дар миёни мухотабонаш дошт.
Тиловати устод Абдулбосит; поённомаи олими масеҳӣ
Савти Абдулбосит таваҷҷуҳоти бисёреро ба худ ҷалб кард ва ҳатто яке аз уламо ва андешмандони масеҳӣ поённомаи доктораии худро ба савти малакӯтӣ ва таъсири мунҳасир ба фарди тиловатҳои ин қории мисрӣ ихтисос дод.
Гиромидошти солгард дар радио Қуръони Миср
Имрӯз шанбе 20 ноябр радио Қуръони Миср бо ёдоварии солгарди даргузашти устураи тиловат дар ҷаҳони Ислом, бахше аз барномаҳои худро ба ин қории мисрӣ ихтисос дода ва дар соатҳои мухталиф ба пахши тиловатҳои устод Абдулбосит иқдом мекунад ва дар листи таловатҳои мунташира аз ин расона, номи Абдулбосит дар канори дигар қориёни мисрӣ борҳо такрор шудааст.
Ин қории мисрӣ дар 30 ноябри 1988 ба далели бемории ҳипотит ва диябет пас аз солҳо хизмат ба Қуръон дар 61 солагӣ дар ҳоле дори фониро видоъ гуфт, ки мероси ҷовидона аз тиловатҳояшро аз худ ба ёдгор гузошт; меросе ки ҳануз ҳам эҳсосоти мусулмонон дар саросари ҷаҳонро барангехта ва шуълавар мекунад ва мояи ифтихори уммати Ислом ва дӯстдорони тиловат дар саросари ҷаҳон аст.