Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар як дастоварди қобили таваҷҷуҳ, Муҳамад Умар Форуқ донишомӯзи ҳашт солаи аҳли Лакшмипур дар Бангладеш, тавонист кулли Қуръонро танҳо дар ҳашт моҳ ҳифз кунад; коре ки маъмулани ду то се сол тул мекашад.
Муаллимони ӯ мегӯянд ӯ ки як донишомӯзи маъмулӣ буд дар сентябри соли гузаштаи шуруъ ба ҳифзи Қуръон кард, аммо хеле зуд бо сахткӯшӣ ва пуштикор, худро аз ҳамсолонаш мутамоиз кард. Ӯ ағлаб баъд аз зуҳрҳояшро ба ҷои бозӣ, ба тиловати Қуръон мегузаронад.
Мавлоно Шаҳодат Ҳусайни Ҷамил, мудири мадриса, гуфт: ин лутфи хосси Худованд аст. Ҳифзи кулли Қуръон дар чунин муддати кӯтоҳи кори каме нест. Форуқ барои худаш ва мадрасаи мо обрӯ касб кардааст.
Вай идома дод: муваффақияти хориқулоддаи Форуқ гувоҳе бар азми тазалзулнопазири ӯ роҳнамоӣ муаллимонаш аст, ки боиси ифтихори ҷомеъа илҳом бахшидан ба дигарон аст.
Кишвари Бангладеш воқеъ дар ҷануби қорраи Осиё ва шарқи Ҳинд, 161 милюн нафар ҷамъият дорад ва пойтахти он Дакка аст. Дини Ислом бузургтарин дин дар Бангладеш маҳсуб мешавад ва ҳудуди 90 дарсад аз ҷамъияти ин кишварро мусулмонон ташкил медиҳанд.
Тиловат ва ҳифзи Қуръони Карим дар ин кишвар аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст ва садҳо маркази ҳифзи Қуръон ва мадориси динии ин кишвар тавваҷуҳи хоссе ба омӯзиши маорифи қуръонӣ доранд.