IQNA

Ёддошт

Азамати ҳазрати Заҳро (с) дар ривоёти аҳли тасаннун

17:59 - December 02, 2024
рақами хабар: 2509
ИКНА - Фазл, азимат ва маноқиби ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар таърихи динии Ислом он қадр равшан аст ва ҷойгоҳи ишон дар назди падарашон ҳазрати хатми мартабат Муҳамади Мустафо (с) он қадр гиромӣ ва баланд аст, ки аҳодис ва калимоти мутаъаддиде дар манобеи ривоӣ ва таърихӣ ва риҷолии аҳли суннат дар азимат ва ҷалолати он ҳазрат ворид шуда аст.

Аҳодис ва калимоти мутаъаддиде дар манобеи равоёт ва таърих ва  риҷолии аҳли суннат дар азимат ва ҷалолати ҳазрати Заҳро (с) омада аст, ки метавон гуфт фазоили он ҳазрат мавриди иттифоқи фариқайни шиъа ва суннӣ аст.

Фазл, азимат ва маноқиби ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар таърихи динии Ислом он қадр равшан аст ва ҷойгоҳи ишон дар назди падарашон ҳазрати хатмии мартабат Муҳамади Мустафо (с) он қадр гиромӣ ва баланд аст, ки аҳодис ва калимоти мутаъаддиде дар манобеи равоӣ ва таърихӣ ва риҷолии аҳли суннат дар азимат ва ҷалолати он ҳазрат ворид шуда аст.

Шахсияти Фотимаи Заҳро (с), дар ривоёти аҳли тасаннун ба унвони бонуи ҷомеъи фазоъили инсонӣ тарсим шудааст. Ривоёти аҳли суннат дар фазоили Фотимаи Заҳро (с) чӣ аз ривоёти тафсирӣ ва ғайри афсирӣ аст. Ривоёти тафсирӣ ҷойгоҳи он ҳазратро аз манзари Қуръони Карим нишон дода ва баёнгари шахсияти ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар таобири илоҳӣ аст.

Дар бораи мақому манзалати ҳазрати Заҳро (с) дар байни аҳли суннат матолиби гӯногӯне нақл шуда аст; Ҷалолиддини Суютӣ дар адабиёт, ҳадис ва тафсир ҷойгоҳи бузурге дар байни уламои аҳл суннат дорад.

Ҷалолиддини Суютӣ  китобе дорад ба номи «Маснади Фотима» . Дар ин китоб ривоёте ки аз тариқи ҳазрати Заҳро (с) нақл шуда ва ҳамчунин ривоёте ки дар бора ишон аст ҷамъоварӣ шудааст. Яке аз матолибе ки дар бораи ишон аст дар зайли ояти 36 сураи Нур فِي بُيُوتٍ أَذِنَ اللَّهُ أَنْ تُرْفَعَ وَيُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ يُسَبِّحُ لَهُ فِيهَا بِالْغُدُوِّ وَالْآصَالِ؛ "Ва он мишкот дар хонаҳоӣ қарор дорад монанди маъобид ва масоҷид ва манозили Анбиё ва авлиё, ки Худо рухсат дода, ки онҷо рифъат ёбад ва дар онҳо зикри Ӯ шавад ва субҳу шоми тасбеҳу танзияи зоти поки Ӯ кунанд".

Марде бархост ва савол пурсид ин хонаҳо кадом хонаҳо ҳастанд? Паёмбари Акрам (с) фармуд: Ин хонаҳои Паёмбарон ҳастанд. Сипас Абубакр бархост ва ишора кард ба хонаи ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Заҳро (с) ва пурсид оё ин хона ҳам аз ҳамон хонаҳост, ки дар ин оят омадааст? Ааёмбар (с) фармуд бале ин хона аз беҳтарини он хонаҳост. Ин матлаб дар китоби Дуррул-мансури ҷаноби Суютӣ, ҷилди 6, сафҳаи 203 дар зайли ҳамин оят омада аст.

Ҳамчунин нақл шуда, ки Оиша аз Паёмбар (с) савол мекунад, ки чаро инқадар Фотимаро мебусӣ? Паёмбар (с) фармуд аслу решаи Фотима аз себи биҳиштӣ аст ва замоне ки Паёмбар ба Меъроҷ рафта буд ин себ ба Паёмбар ҳадя дода шуда аст. Ки дар зайли ояти аввали сураи Исро ки марбут ба Меъроҷи Паёмбар (с) аст ба ин мавзӯъ ишора шудааст.

https://hamedan.iqna.ir/fa/news/4248847

captcha