IQNA

Мусҳафи Истанбул ба подшоҳи Уммон эҳдо шуд

18:40 - December 02, 2024
рақами хабар: 2510
ИКНА - Раисҷумҳури Туркия дар дидор бо подшоҳи Уммони нусхае аз мусҳафи Истанбул (Қуръони миллии Туркия)-ро ба вай эҳдо кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар дидор бо Ҳисом бен Ториқ, подшоҳи Уммони нусхае аз мусҳафи Истанбулро ба унвони ҳадяи вижа ба вай эҳдо кард.

Ин иқдом тайи сафари расмии подшоҳи Уммон ба Туркия барои ройзанӣ дар бораи равобити ду ҷониба анҷом шуд ва баёнгари умқи равобити таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар буд.

Ҳусайн Куталу, хушнависи барҷастаи Туркия дар маросими эҳдои мусҳафи Истанбул ба подшоҳи Уммон, шарҳи муфассале аз вижагиҳои мусҳаф ва ҷузъиёти марбут ба ин асари ҳунариро барои Раҷаб Тайиб ЭрдуғонҲисом бен Ториқ, ироа дод.

Мусҳафи Истанбул, ки шоҳкоре аз ҳунар ва халлоқият ва намоди мероси исломии деринаи ин кишвар аст, асари ҳунарии камназире дар таърихи Ислом ба шумор меояд, ки бо хатти арабии асил, тазъинот ва тазҳибӣ илҳом гирифта аз зеботарин нусхаҳои хаттии исломӣ ба нигориш даромада аст.

Тамоми мароҳили тавлиди ин Қуръон чӣ аз коғази истифода шуда, хат, рангу тазҳиб бо истифода ар болотарин стандартҳои мавҷуд дар санъат ва бо халлоқияти тамом анҷом шуда аст.

Коғази ба кор рафта дар ин Қуръон низ аз шохаҳо ва гулҳои дарахтони шаҳрҳои муқаддаси исломӣ монанди Макка, Мадина, Байтулмуқаддас, Бухоро ва Самарқанд сохта шуда аст, ки онро хурд ва ба хамири коғаз изофа мекарданд то рӯҳи амокини муқаддаси исломӣ, ки уммати Исломиро муттаҳид мекунад, дар ин кор табалвур ёбад.

https://iqna.ir/fa/news/4251557

captcha