IQNA

Аз Танто то Ҳарамайни Шарифайн:

Нуктаҳои дурахшони зиндагии Шайх Маҳмуд Алӣ ал-Банно + филм

10:30 - July 22, 2026
рақами хабар: 4855
20 июли соли 2026 солгарди даргузашти Шайх Маҳмуд Алӣ ал-Банно, яке аз чеҳраҳои барҷастаи тиловати Қуръони карим ва аз машҳуртарин устодони қироат дар Миср ва ҷаҳони ислом мебошад. Ӯ бо сабки нотакрор ва тиловатҳои таъсиргузораш дар миёни дӯстдорони Қуръон ҷойгоҳи вижа дошт.

Бино ба гузориши икно бо истинод ба Сада ал-Балад, Шайх Маҳмуд Алӣ ал-Банно дорои сабки хоси қироат ва равиши фарқкунанда дар тиловати Қуръони карим буд. Ӯ осори фаровоне аз тиловатҳои Қуръонӣ дар Миср ва дигар кишварҳои ҷаҳон аз худ ба ёдгор гузоштааст.

Шайх Маҳмуд Алӣ ал-Банно дар таъсиси Иттиҳодияи қориёни Миср нақши калидӣ дошт ва ҳангоми таъсиси он дар соли 1984 ба ҳайси муовини раиси иттиҳодия интихоб гардид.

Ӯ соли 1948, дар синни 22-солагӣ, ба Радиои Миср пайваст ва ба яке аз ҷавонтарин қориёни расмии он давра табдил ёфт. Овози ӯ бо захираи ғании оҳангҳо, риояи дақиқи қоидаҳои қироат ва тавоноии бесобиқааш дар таъсиргузорӣ ба шунавандагон аз дигарон фарқ мекард.

Шайх Маҳмуд ал-Банно дар эҳёи шабҳои мубораки Рамазон дар бархе аз маъруфтарин масҷидҳои Миср, аз ҷумла масҷиди Аҳмадӣ дар Танто ва масҷиди Имом Ҳусайн (а) дар Қоҳира, саҳми арзанда дошт.

Ӯ инчунин ҳамчун намояндаи Миср дар ҳайатҳо ва маҳфилҳои байналмилалии Қуръонӣ иштирок мекард. Садои дилнишини ӯ дар Ҳарамайни Шарифайн, Масҷиди Ақсо, Масҷиди Умавӣ ва даҳҳо масҷиди бузурги дигар дар Аврупо ва Осиё танинандоз шудааст.

Шайх Маҳмуд Алӣ ал-Банно 20 июли соли 1985, дар синни 59-солагӣ, пас аз умре пурбаракат, ки онро сарфи хидмат ба Қуръони карим, тиловати устодона, таълими Қуръон ва намояндагии шоистаи Миср дар дохил ва хориҷи кишвар намуда буд, аз ҷаҳон даргузашт.

Дар идомаи гузориш, наворе аз тиловати Шайх Маҳмуд Алӣ ал-Банно пешниҳод шудааст, ки дар он даҳ ояти аввали сураи муборакаи «Нур»-ро тиловат мекунад.

تعداد بازدید : 0
код

4365185

captcha