Ба гузориши икно бо истинод ба расонаҳои Ироқ, дар вилояти Карбало рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе ва якшанбеи оянда ба хотири истиқболи шоиста аз зоирони Арбаини ҳазрати Имом Ҳусайн (а) таътили расмӣ эълон шудааст.
Дар ҳамин замина, Маркази иттилоърасонии амнияти Ироқ аз зоирони Арбаини Имом Ҳусайн (а) даъват кард, ки ба ҷойи истифода аз нақлиёти шахсӣ, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода намоянд.
Дар баёнияе, ки аз ҷониби Ожонси расмии хабарии Ироқ (**ВАА**) нашр шудааст, ин марказ таъкид кардааст, ки аз ҳамаи зоирон хоҳиш мешавад барои осон шудани ҳаракати нақлиёт ва беҳтар шудани хизматрасонӣ, ба ҷойи воситаҳои нақлиёти шахсӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.
Ҳамчунин, ин марказ ба Раёсати роҳнамоӣ ва бозрасии ҳаракати нақлиёти Ироқ дастур додааст, ки бо назардошти боло рафтани ҳарорати ҳаво, назорат бар иҷрои тадбирҳои бехатарӣ ва амниятиро боз ҳам пурзӯр намояд.
4366570