Ба гузориши икно ба нақл аз рӯзномаи «Укоз Ньюс», тибқи натиҷаҳои Шохиси ҷаҳонии сафари мусалмонон Mastercard–CrescentRating 2025, Малайзия ҷойгоҳи аввалини худро ҳамчун беҳтарин кишвари сайёҳӣ барои мусофирони мусулмон нигоҳ доштааст.
Ин раддабандӣ ҷаззобияти Малайзияро барои сайёҳони кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои Халиҷи Форс боз ҳам бештар кардааст. Ин гурӯҳи сайёҳон одатан сафарҳоеро интихоб мекунанд, ки бо меъёрҳои сайёҳии ҳалол мувофиқ буда, дорои шароити муносиб барои оилаҳо, гуногунии фарҳангӣ ва хизматрасониҳои босифат бошанд.
Малайзия бо доштани тарабхонаҳои ҳалол, дастрасии осон ба ҷойҳои адои намоз, меҳмоннавозии маъруф ва зерсохтори пешрафтаи сайёҳӣ тавонистааст мақоми худро ҳамчун яке аз маҳбубтарин маконҳои сафар барои мусулмонон нигоҳ дорад.
Муҳаммад Фахруддин Ҳотамон, мудири намояндагии сайёҳии Малайзия дар Дубай, бо ишора ба пешсафии ин кишвар дар рӯйхати беҳтарин маконҳои сайёҳии мусулмонон гуфт:
«Ин дастовард нишон медиҳад, ки Малайзия барои фароҳам овардани таҷрибаи осон, амн ва дилпазир барои сайёҳони кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ӯҳдадории ҷиддӣ дорад.»
Ӯ афзуд, ки ғайр аз имконоти сайёҳии ҳалол ва меҳмоннавозии баланд, Малайзия маҷмӯи гуногуни таҷрибаҳои сайёҳиро пешниҳод мекунад. Аз ҷумла, ҷашнвораҳои фарҳангӣ, шаҳрҳои таърихӣ, табиати нотакрор, марказҳои фароғатии оилавӣ ва шиносоӣ бо фарҳангҳои маҳаллиро метавон ном бурд.
Ҳотамон таъкид кард, ки Малайзия омода аст шумораи бештари сайёҳонро аз кишварҳои арабӣ истиқбол намояд, то онҳо дар тӯли сол аз ҷозибаҳои гуногуни ин кишвар боздид намуда, аз сафари худ хотираҳои фаромӯшнашаванда бардоранд.
Сайёҳон ҳангоми сафар ба Малайзия метавонанд аз табиати салқини баландиҳои Саравак, кӯчаҳои таърихии Пенанг, марказҳои фароғатии оилавии Куала-Лумпур, инчунин соҳилҳо ва ҷазираҳои тропикии ин кишвар баҳра баранд.
4365363