Ҳазрати Фотимаи Заҳро, кӯчактарин духтари ҳазрати Муҳаммад (с) аст. Бинобар машҳур, Паёмбари Ислом (с) чаҳор духтар ва се писар доштанд, ки шаш нафари онҳо аз ҳазрати Хадиҷаи Кубро ва як писар аз Морияи Қубтия мутаваллид шуданд. Номҳои ин фарзандон Қосим, Абдуллоҳ, Иброҳим, Руқая, Зайнаб, Умми Кулсум ва Фотимаи Заҳро(с) буд. Ҳамаи фарзандони Паёмбар ҷуз Фотимаи Заҳро (с) дар замони ҳаёти Паёмбари Гиромии Ислом (с) аз дунё рафтанд ва насли Паёмбари Акрам (с) танҳо аз тариқи ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) идома ёфт.
Ақволи мухталиф дар бораи мурод аз Кавсар дар ояти шарифаи «إِنَّا أَعْطَيْنَاكَ الْكَوْثَرَ» (Кавсар, ояти 1) зикр шудааст. Бархе шавоҳиде аз ҷумла ояти севум «إِنَّ شَانِئَكَ هُوَ الْأَبْتَرُ», ки мефармояд: Яқинан душман [, ки ба] ту [захми забон мезанад] худ бидуни табор ва насл [ва бурида аз ҳамаи хайрот ва баракот] аст, баёнгари ин аст, ки мурод аз он, зуррия ва насли Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) яъне фарзандони Фотимаи Заҳро (Саломуллоҳи алайҳо) ҳастанд.
Дар мавриди таърихи вилодати он ҳазрат дар байни сира нависон ихтилоф вуҷуд дорад. Таърихи вилодати он ҳазрат дар бештари манобеъи аҳли суннат ҳамчун «Табақотил-кубро»-и Ибни Саъд ва «Ал-Асоба»-и Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ 5 сол пеш аз беъсат ва дар замоне, ки Қурайш машғули мариммати хонаи Каъба буданд, зикр шудааст; Вале дар бештари манобеи шиъа, соли вилодати ишон 5 сол пас аз беъсат зикр шудааст.
Луғати «Фотима» васфӣ ва аз масдари «фатам» аст. «Фатам» дар забони арабӣ ба маънои буридан, қатъкрдан ва ҷудошудан омадааст. Ибни Ҳаҷари Ҳейтамӣ дар Ал-Савоиқул-муҳриқа ва Нисоӣ дар Сунан овардаанд «Худованд ӯро Фотима номид чаро ки ӯ ва дӯстдоронашро аз оташи ҷаҳаннам қатъ кардааст.» Фаттоли Найшопурӣ дар Равзатул-воъизин аз Ҷаъфари Содиқ нақл кардааст: «Фотима номида шуд чун аз бадиҳо бурида шудааст.» Барои Фотима номҳои дигаре ҳам баршумурдаанд, ки «Сиддиқа», «Муборака», «Тоҳира», «Закия», «Розия», «Марзия», «Муҳаддиса», «Батул» ва «Заҳро» аз онҷумла ҳастанд. Яке аз муҳиммтарин кунияҳои ӯ «Умми абиҳо», ба маънои «модари падараш» аст. Ин кунияро ҳазрати Расули Акрам (с) бар духтараш гузошт зеро дар солҳои пас аз вафоти Хадиҷа, Фотима, бо ин ки кӯдаке беш набуд ҳамвора чун парвона ба гирди Паёмбари Азиз мечархид ва агар он бузургавор дар ҷанге осеб медид ишон, ки хурдсоле беш набуд бар захм ва ранҷи падар марҳам мениҳод.
Аз зиндагии Фотима дар кӯдакӣ ва навҷавонӣ гузоришҳои таърихии каме вуҷуд дорад. Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, пас аз ошкор шудани даъвати Паёмбар, Фотима дар бархе маворид шоҳиди хушунатҳои мушрикон алайҳи падараш буд. Илова бар ин, сесол аз даврони кӯдакии Фотима, дар Шаъби Абитолиб ва таҳти фишорҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мушрикон алайҳи бани Ҳошим ва пайравони Паёмбари Ислом гузашт. Фотима ҳамчунин дар кӯдакӣ, модараш Хадиҷаро аз даст дод. Тасмими Қурайш барои қатли Паёмбар (с) хурӯҷи шабонаи Паёмбар аз Макка ва ҳиҷрат ба Мадина, ва ҳиҷрати Фотима ба Мадина ҳамроҳ бо ҳазрати Алӣ (а) ва бархе аз занон, муҳиммтарин рухдодҳои даврони кӯдакии ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) будааст.