Ба гузориши манобеи хабарӣ, мусобиқоти Қуръони шайх Ҷосими Қатар рӯзи чаҳоршанбе ба поён расид ва нафароти бартар ҷавоизи худро дарёфт карданд.
Дар маросими ихтитомияи Ғоним ибни Шоҳин Ал-Ғоним, вазири авқоф ва умури исломии Қатар дар маросиме, ки дар ҳутели Ритз Карлтон баргузор шуд аз панҷ баргузидаи бартар дар себахши шаҳрвандони қатарӣ, ҳофизони хос ва ҳофизони умумии ҳозир дар ин мусобиқот таҷлил кард.
Вай гуфт: ин мусобиқот ин паёмро ба ҷавонон ирсол мекунад, ки унси бо Қуръон боиси нишот, фаровонӣ маишат, равшан шудани масир ва рушди тавоноиҳои инсон мешавад.
Молуллоҳ Абдурраҳмон Ал-Ҷобир, раиси кумитаи созмондеҳии мусобиқот дар суханоне ба пешинаи ин мусобиқот, ки аз соли 1993 оғоз шуда ва ҳадафи он тарвиҷи маорифи қуръонӣ аст ишора кард.
Ба гуфтаи баргузоркунандагон, ин мусобиқот бо ҳадафи ташвиқ ба ҳифз, тиловат, тафсир ва парвариши рӯҳияи рақобат дар миён ширкаткунандагон баргузор мешавад.
Пеш аз ин вазорати авқоф ва умури исломии Қатар аз тағйири бунёдин дар мусобиқоти Қуръони Карими шайх Ҷосим ибни Муҳаммад ибни Сонӣ шомили ҷудосозии кумитаҳои доварӣ ва озмуни занон, ду баробар шудани теъдоди барандагон ва арзиши ҷавоизи молии ин мусобиқот хабар дод. Ҷавоиз барои нафароти бартар дар маҷмӯъ ба беш аз чаҳор миллион риёли Қатар расидааст.
Молуллоҳ Абдурраҳмон Ал-Ҷобир, раиси кумитаи баргузории мусобиқоти Қуръони Карими шайх Ҷосим бо эъломи ин хабар тасреҳ кард: тасмими вазорати авқоф дар заминаи баргузории мусобиқот бо нусхаи ҷадид, мунҷар ба тақвияти ихтиёроти кумитаи созмондеҳии рақобатҳо дар густариши доманаи фаъолиятҳо ва тасмимгириҳо дар ростои дастёбӣ ба аҳдофи ин мусобиқот шудааст.
Ал-Ҷобир тасреҳ кард: бо таваҷҷуҳ ба аҳамият ва ҷойгоҳи Қуръони Карим, кумитаи созмондеҳи мусобиқот дар ростои эҷоди таҳаввули кайфӣ дар заминаи ин мусобиқот ба вижа дар бахши занон ва духтарон тасмим гирифт то бахши баргузорӣ ва доварии мусобиқоти занон ва мардонро ба таври комил аз ҳам ҷудо кунад ва бонувони ширкат кунанда дар тамоми мароҳили ин рақобатҳо зери назари кумитаи озмуни бонувон амал хоҳанд кард.
Илова бар ин, шӯъбаи ҷадиде ба номи «Ратл» барои донишомӯзон дабиристоне бо ҳадафи тарвиҷи ишқ ба Қуръон ва тақвияти арзишҳои ахлоқӣ эҷод шуд. Беш аз 800 ширкаткунандаи зан ва мард дар ин мусобиқа ширкат карданд.