IQNA

Ифтитоҳияи бахши оқоёни мусобиқоти саросарии Қуръон оғоз шуд

22:48 - December 10, 2024
рақами хабар: 2550
ИКНА - Маросими ифтитоҳияи бахши оқоён дар чиҳилуҳафтумин давраи мусобиқоти саросарии Қуръон субҳи рӯзи се шанбе, имрӯз дар Табрез баргузор шуд.

Ба гузориши ИКНА аз Озарбойҷони Шарқӣ, маросими ифтитоҳияи бахши оқоён дар чиҳилуҳафтумин давраи мусобиқоти саросарии Қуръони Карим субҳи имрӯз бо тиловати Муҳаммади Ҳусайнипур, қории байналмилалӣ дар мусаллои Табрез баргузор шуд.

Дар ибтидо ҳуҷҷатул-исломи валмуслимин Сайид Шҳобуддини Ҳусайнӣ, мудири кулли авқоф ва умури хайрияи устони Озарбойҷони Шарқӣ тайи суханоне, Табрезро нахустин пойтахти ҷаҳони ташаюъ, матраҳ кард ва гуфт: хурсандем, ки аз 2 декабр мизбони бузургтарин рӯйдоди фарҳангӣ ва қуръонии кишвар ҳастем.

Рақобатҳои бахши оқоён баъд аз зуҳри имрӯз, имрӯз бо рақобатҳои бахши нағамоти динӣ оғоз мешавад ва то 19 декарб идома дорад.

Мусобиқоти бахши нағамоти динии оқоён, ки шомили риштаҳои мадеҳасроӣ ва ҳамхонии Қуръон, азон ва дуохонӣ мешавад, аз имрӯз то пас фардо баргузор мешавад. Ҳамчунин, мусобиқоти риштаҳои ҳифз ва қироат низ аз рӯзи ҷумъа оғоз мешавад ва то 19 декарб идома дорад.

https://tabriz.iqna.ir/fa/news/4253239

 

captcha