IQNA

Сенарияи Сурия дар ҷанги амрикоӣ - саҳюнистӣ

23:39 - December 10, 2024
рақами хабар: 2552
ИКНА - Он чи аз замони "Тӯфони Ал-Ақсо" рух дода ва дар ҳоли вуқуъ аст, бузургтар аз даргириҳои дуҷониба байни душмани саҳюнистӣ ва миллатҳои Фаластин ва Лубнон ва муқовимати далеронаи онҳо ва ҳамчунин сенарияи Сурия дар ҳамалоти амрикоӣ - саҳюнистӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории Ал-Маёдин, Муваффақ Маҳодин, нависанда ва таҳлилгари сиёсии урдунӣ дар ёддоште дар бораи таҳаввулоти Сурия навишт: Бо вуҷуди аҳамияти Тӯфони Ал-Ақсо ва ин ҳамосаи бузурги таърихӣ ва нақши он дар шикастани истикбори саҳюнистӣ, ва бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти нақши бузурги ҳимояти Ҳизбуллоҳ, неруҳои яманӣ, Ансоруллоҳ, муқовимати Ироқ ва кулли неруҳои меҳвари муқовимат, аммо ҳамаи инҳо далели қотее барои баҳонаҳои амрикоӣ - саҳюнистӣ ва куштори ваҳшёна ва наслкушӣ алайҳи занон, кӯдакон ва ғайри низомиён ва ҳамла ба мадорис, бемористонҳо, масоҷид ва калисоҳо дар Ғазза ва Лубнон набудааст.

Илова бар ин, он чи аз замони Тӯфони Ал-Ақсо рух дода ва дарҳоли вуқӯъ аст, бузургтар аз даргириҳои дуҷониба байни душмании саҳюнистӣ ва зерсохтҳои ҳаётии миллатҳои Фаластин ва Лубнон ва муқовимати дилеронаи онҳо ва ҳамчунин сенарияи Сурия дар барномаҳои ваҳшиёнаи ҳамалоти амрикоӣ - саҳюнистӣ аст. Дар ибтидо саҳнаи амалиёти майдонӣ бо бомбаборони режими саҳюнистӣ алайҳи мавозеи артиш ва гурӯҳҳои муқовимати Сурия, аз Тадмур гирифта то атрофи Ҳалаб, Димишқ, Ҳамо ва Ҳумс, тартиб дода шуд ва сипас саҳюнистҳо талош карданд то террористҳоро ба унвони инқилобиюн муаррифӣ кунанд ва баъд муздурон ва хоинон ва гурӯҳҳои ҷинояткори такфирӣ дар кулли нуқоти ҷаҳон, ба Сурия ҳамлавар шуданд.

Аз як су, талошҳои амрикоӣ - саҳюнистӣ барои эҷоди тафриқаи мазҳабӣ дар минтақа ва омодасозии саҳнаи сиёсӣ барои Ховари Миёна дар баробари тавофуқномаҳои сулҳ тадовум дорад то як Исроил ба унвони давлати яҳудӣ ба расмият шинохта шавад ва кишварҳои арабӣ дучори тақсимбандиҳои мазҳабӣ шаванд.

Аз сӯи дигар Ховари Миёна ба унвони як арсаи даргирӣ барои ҷилавгирӣ аз равобити Евразия ва Русия дар шимол ва Ховари Миёна дар ҷануб дида шавад чунонки барои ҷилавгирии Эрон аз тақвияти худ ба унвони як қудрати минтақаӣ ва ҳастаӣ (дар маънои мусиламатомези он) ба вижа ба далели нақши фаъоли он дар меҳвари муқовимат ва масоили роҳбурдӣ дар назар гирифта мешавад.

Ва дигар ин ки пас аз шикасти такфириҳо дар эҷоди як давлати амрикоӣ - саҳюнистӣ дар қолаби амирнишинҳои мазҳабии бидуни силоҳ дар минтақаи Ал-Қасир (таҳти сайтараи Ан-Нусра) ва Риққа (таҳти сайтараи ДИИШ) ба ҷиҳати мунзавӣ кардани Ҳизбуллоҳ аз таслиҳоти низомӣ, Мусод мехоҳад таҷрибаи таҷовузоти ахири худро дар Ҳалаб низ такрор кунад.

https://iqna.ir/fa/news/4252934

captcha