IQNA

Идомаи ҷанги Ғазза чӣ фоидае барои Нетаняҳу дорад?

15:28 - December 13, 2024
рақами хабар: 2562
ИКНА - Нахуствазири режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил "Бенямин Нетаняҳу" солҳо худро дар арсаи сиёсати Исроил ба унвони танҳо сиёсатмадоре, ки қодир ба таъмини амнияти ин кишвар аст муаррифӣ мекард.

Нахуствазири режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил “Бенямин Нетаняҳу” солҳо худро дар арсаи сиёсати Исроил ба унвони танҳо сиёсатмадоре, ки қодир ба таъмини амнияти ин кишвар аст муаррифӣ мекард. Ӯ акнун дар сурати поёни ҷанги Ғазза бояд посухгӯи бузургтарин шикасти иттилоотӣ ва амниятии ин режим тайи даҳаҳои ахир яъне ҳамлаи рӯзи ҳафти октябри гурӯҳи Ҳамос бошад.

Интизор меравад, ки пас аз поёни ҷанг як комиссияи таҳқиқ дар мавриди костиҳое, ки заминасози ҳамлаи ҳафти октябр ба Исроил шуд ташкил шавад. Ин комиссия таҳқиқӣ эҳтимолан мушобеҳи комиссияе хоҳад буд, ки пас аз ҷанги явми Киппур дар Исроил ташкил шуд. Голда Майер, нахуствазири вақти режими Исроил пас аз интишори гузориши ин комиссия дар интихоботи соли 1973 шикаст хӯрд ва аз қудрат канор рафт.

Бенямин Нетаняҳу ва вузарои давлаташ дар сурати ташкили комиссияи таҳқиқ бояд дар мавриди амалкардашон дар рӯзҳо ва моҳҳои мунтаҳӣ ба ҳамлаи ҳафти октябр ва ҳамчунин рӯзҳои пас аз он посух диҳанд. Яке аз интиқодҳое, ки дар Исроил алайҳи амалкарди давлат ва артиши ин кишвар матраҳ мешавад адами вокуниши сареи неруҳои низомӣ ба ҳамлаи рӯзи ҳафти октябр аст. Бисёре аз низомиёни исроилӣ дар он рӯз ба дастури вузарои рости ифротии давлат барои ҳифозат аз шаҳракнишинон ба Каронаи Бохтарии руди Урдун эъзом шуда буданд.

Бисёре аз таҳлилгарон бар ин бовар ҳастанд, ки натиҷаи баррасиҳои комиссияи таҳқиқ дар мавриди ҳамлаи рӯзи ҳафти октябр ба шиддат ба зарари Бенямин Нетаняҳу ва вузарои давлаташ хоҳад буд. Ба ҳамин далел ҳам ба назар мерасад, ки нахуствазири режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил дар назар дорад то ҳадди имкон ташкили чунини комиссияро бо идома додани ҷанг ё ҳатто густариши он ба таъвиқ бияндозад.

Бенямин Нетаняҳу бо тадовуми ҷанги Ғазза метавонад ба касби пирӯзиҳои монанди куштани раҳбарони аршади Ҳамос аз ҷумла Яҳё Синвор умедвор бошад то ба ин тартиб варақро дар арсаи сиёсати дохилӣ то ҳудуде ба нафъи худ баргардонад.

Бо ин ҳол ҳадафи аслии таъйин шуда аз сӯи нахуствазири ҷинояткор ва кӯдаккуши режими Исроил мабнӣ бар нобудии комили Ҳамос даст наёфтнӣ ба назар мерасад.

Дар ҳамин чаҳорчуб ба назар мерасад нахуствазири режими кӯдаккуши Исроил тарсе аз густариши ҷанг ба дигар манотиқи Ховари Миёна надорад. Ҳамалоти Исроил ба мавозеи Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, ҳамалоти ҳавоӣ ба Сурия ва ҳадаф гирифтани Муҳаммадризо Зоҳидӣ, фармондеҳи аршади Сипоҳи Қудс дар консулгарии Эрон дар Димишқро низ дар ҳамин росто метавон тафсир кард.

Даргирии густурдатар дар минтақа бо Эрон ё гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Теҳрон ин имконро ба Бенямин Нетаняҳу хоҳад дод то ҳам бо таваҷҷуҳ ба шароити изтирории ношӣ аз даргирии низомӣ шароитро дар арсаи сиёсати дохилӣ ба нафъи худ тағйир диҳад ва ҳам шояд дастоварди низомӣ касб кунад.

Ҳаргуна дастоварди низомӣ дар ҷанги бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ё гурӯҳҳои таҳти ҳимояти Теҳрон абзори таблиғотии муносибе барои Бенямин Нетаняҳу дар арсаи корзори интихоботи парлумонӣ хоҳад буд.

https://tajikpress.com/2024/12/13/

captcha