IQNA

Сукути Эрдуғон ва Ҷавлонӣ дар баробари ҳамалоти Исроил ба Сурия

15:41 - December 13, 2024
рақами хабар: 2563
ИКНА - Режими саҳюнистӣ борҳо иддао карда ки Димишқ, таҳдиде алайҳи саҳюнизм аст, аммо ҳоло ки давлати Асад  аз миён рафта, бидуни ҳеҷ баҳонае қудрати низомии Сурияро ҳадаф гирифта ва Таҳрир-уш-шом низ сукут кардааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, ҳамалоти ҳавоӣ ва тупхонаии артиши режими саҳюнистӣ ба зерсохтҳои низомӣ, пойгоҳҳо ва адавоти артиши Сурия, дар навъи худ бесобиқа аст. Пас аз суқути давлати Башор Асад  дар Сурия, Исроил беш аз 300 ҳамла алайҳи истеҳкомот ва таҷҳизоти низомии Сурия анҷом додааст. Аз ин рӯ пурсиши муҳим ин аст: Чаро Исроил ба шакли фарогир ва густарда, марокизи низомии Сурияро ҳадаф гирифта ва чӣ нақшаеро дунбол мекунад?

Гузоришҳои Ройтерс ва дигар расонаҳо, ҳокӣ аз ин аст ки ҳамзамон бо ҳамалоти ҳавоӣ, чанд русто ва шаҳрак дар атрофи ҷанубии Димишқ тавассути неруҳои режими саҳюнистӣ ишғол шудаанд. Пешравии саҳюнистҳо дар атрофи ҷанубии Димишқ дар муҷовирати марзи Лубнон ва ҳаракат ба самти Хон Шайх ва Қатано нишондиҳандаи ин аст ки Нетаняҳу мехоҳад фурсатро ғанимат шуморад ва ҳатто Димишқро ҳам таҳдид кунад. Илова бар ин, чандин ҳамла аз навъи бомбаборони ҳавоӣ ва ҳамалоти паҳподии артиши режими саҳюнистӣ, таъсисоти низомии артиши Сурияро ҳадаф гирифтаанд.

Ҳамалоти ҳавоии низомиёни саҳюнистӣ ба се пойгоҳи ҳавоии роҳбурдии Сурия ва сайтҳои наздики Димишқ, Ҳумс ва Қамишлӣ ва ҳамла ба истеҳкомоти артиши Сурия дар шаҳри соҳилии Лозқия, иқдомоти маъно доре аст, ки набояд ба содагӣ аз канори он гузашт. Аммо Дани Данон, сафири Исроил дар Созмони Милал, бидуни ишора ба ин ҳамалоти муҳим, танҳо бар рӯи Ҷавлон ангушт гузошта ва муддаӣ шудааст: “Ҳамчунон ки ба аъзои Шӯрои Амният тавзеҳ додам, мо дар посух ба таҳдиди амниятӣ дар марзи Сурия ва Исроил ва хатаре, ки барои шаҳрвандони мо эҷод шуда, иқдомоти маҳдуд ва муваққате анҷом додем”.

Яке дигар аз абъоди муҳими иқдомоти таҳрикомези Нетоняҳу дар Сурия, ин аст ки ишғоли кӯҳи Ҳермон ки дар иртифои 2814 метрӣ воқеъ шуда, марзи Сурия ва Лубнонро ба унвони як ҳадафи ҷонунӣ ҷилва додааст. Ин кӯҳ ба унвони баландтарин қулла дар шарқи дарёи Медитарона шинохта шуда ва аҳамияти стратежики болое дорад.

Аз Ҷавлон то Димишқ

Қаблан режими саҳюнистӣ вонамуд мекард, ки иртифооти Ҷавлонро як таҳдиди низомӣ алайҳи бақои худ медонад. Аммо ҳоло ба нуқоте ҳамлавар шуда, ки асосан иртиботе бо марзи сарзаминҳои ишғолӣ надорад. Чунин чизе ба ин маъно аст, ки режими саҳюнистӣ ба шакли ҷиддӣ ба дунболи нобудии тавони дифоӣ Сурия аст ва ин кишвари арабӣ, дар миён муддат бо мушкилоти амниятии бузурге рӯбарӯ хоҳад шуд. Аммо бо ин ҳол, гуруҳи террористии Таҳрир-уш-шом дар бора таҷовузи ошкори Исроил сукут карда ва ҳозир нест вокунише нишон диҳад.

Яке аз иқдомоти маккоронаи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар рӯзҳои ахир ин аст, ки муддаӣ шуда тавофуқе ки дар соли 1974 байни Исроил ва Сурия шакл гирифта, ҳоло эътибор надорад ва ба он пойбанд нахоҳад буд. Ба ҳамин хотир, Исроил нафароти худро ба Ҷавлон эъзом кардааст. Неруҳои режими саҳюнистӣ дар шароите дар Ҷавлони ишғолӣ ҳузур ёфтаанд ки Созмони Милали Муттаҳид, аз ин иқдоми ишғолгарона интиқод карда ва бар зарурати иҷрои бандҳои тавофуқи 1974 ва ҳифзи суботи Ҷавлон таъкид кардааст.

Пайдост ки Созмони Милал, аз равияи ғайри ахлоқӣ ва ишғолгаронаи Исроил ба хубӣ огоҳ аст. Ба ҳамин хотир эълом карда ки нерӯҳояш дар ин минтақа боқӣ мемонанд. Стивен Дюжаррик, сухангӯи СММ низ ҳузури саҳюнистҳо дар се нуқтаи Ҷавлонро зидди тавофуқи соли 1974 дониста ва онро маҳкум кардааст. Ҳамчунин Ҳизбуллоҳи Лубнон, Кувайт, Қатар, Урдун, Яманв а Эрон низ ишғоли минтақаи ҳоил бо Сурияро маҳкум карданд.

Равияҳои пешини режими саҳюнистӣ нишон дода, ки Тел-Авив аввалан ба дунболи мусодира ба матлуб ва сӯиистифода аз фурсатҳои минтақавии ҷадид аст ва дуюман ин ки ҳатто баъид нест ба неруҳои ҳофизи сулҳ Созмони Милал ҳамла кунад; он ҳам дар шароите ки сухангӯи ин неруҳо гуфтааст: “То замоне ки Шӯрои Амният тағйире дар маъмуриятамон надода, дар пойгоҳҳои худ дар Ҷавлон мустақар боқӣ хоҳем монд.”

Як баҳона, як сафсата

Нигоҳе ба ахбору гузоришҳои расонаҳои Англиси забон ва амрикоӣ ва аврупоӣ, нишондиҳандаи он аст ки навъе ҳамдастӣ ва ҳамоҳангии ошкор байни Амрико ва режими саҳюнистӣ дар ҷараён аст то ҳамлаи ҳавоӣ ба таъсисоти низомии Сурияро қонунӣ ҷилва диҳанд. АссошиэйтедПресс ба нақл аз фармондеҳи марказии Амрико эълом карда ки илова бар ҳамалоти Исроил, худи амрикоиҳо низ ба 80 нуқта ҳамла кардаанд. Вазири умури хориҷаи режим саҳюнистӣ гуфтааст: “Сйтҳои машкуки таслеҳоти Сурияро ҳадаф қарор медиҳем то ба дасти душманон науфтад”. Рӯзномаи Financial Times низ дар гузорише эълом карда ки сарони режим саҳюнистӣ муътақиданд бо вуҷуди суқути давлати Асад , Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунон дар Сурия дороӣ нуфуз ҳастанд. Талош барои аз байн бурдани анборҳои мушакӣ ва низ анҷоми иқдомоти пешдастона ба манзури ҷилавгирӣ аз сӯиистифода аз таслеҳоти пешрафта тавассути муъоризони сурӣ, таобири ғайриқобили қабули режими саҳюнистӣ дар тавҷеҳи ҳамалоти худ аст.

Чаро Ҷавлонӣ ва Эрдуғон сокит ҳастанд?

Рӯзе ки террористҳои таҳти амри Ҷавлонӣ ба консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳалаб ҳамла карданд, ғайр аз парчами Фаластин, ба ҳар намод ва нишонаи дигаре тавҳин ва беэҳтиромӣ карданд ва чунин намойише ба роҳ андохтанд ки гӯё фақат бо Эрон душманӣ доранд, вале ҳомии Фаластин ҳастанд. Аммо ҳоло ки бузургтарин душмани фаластиниён ҷоеро мавриди ҳамла қарор дода, ки қарор аст қаламрави иқтидори террористҳо бошад, садое аз онон баланд намешавад. Ба ҳамин хотир бетафовутии Ҷавлонӣ ва ҳамроҳони ӯ, метавонад нишонаи ошкоре аз эҳтимоли табонӣ ва тавофуқи қаблӣ байни ӯ ва Нетаняҳу бошад то қувои дифои Сурия ба таври комил аз байн биравад ва Сурия ночор шавад аз ин ба баъд барои таъмини қувои дифои худ, даст ба домани режими саҳюнистӣ, Амрико ва Туркия гардад.

Туркия низ ба унвони кунишгар ва таҳриккунандае, ки дар таслиҳи Таҳрир-уш-шом ва дигар террористҳо даст дошта ва ошкоро аз таҳаввулоти ахир ҳимоят карда, дар баробари ҳамалоти ҳавоии Исроил, сукут ихтиёр карда ва нишон дода ки эътирозе ба вазъияти кунунӣ надорад. Ҳамаи инҳо дар ҳоле аст ки мақомоти низомии режими саҳюнистӣ, натанҳо дар масири тадовуми хусумат бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва эъмоли фишор бар меҳвари муқовимат пеш мераванд, балки дар мароҳили баъд, ба амнияти Сурия ва Туркия низ латма хоҳанд зад. Ҳол бояд дид дар масири отии таҳаввулот, Туркия ва Таҳрир-уш-шом дар баробари иқдомоти хасмонаи Нетаняҳу чи мавзеӣ иттихоз хоҳанд кард.

https://tajikpress.com/2024/12/10/

captcha