Аҳмад Шаръ, маъруф ба “Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ”фармондеҳи гурӯҳи мухолифони мусаллаҳи "Таҳрир-уш-шом" дар изҳороте аз тасмими ҳукумати нави Сурия барои пароканда кардани ҳамаи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши ИКНА, Аҳмад Шаръ, ки худро фармондеҳи идораи амалиёти низомии Сурия муаррифӣ мекунад, изҳор дошт: ҳамаи гурӯҳҳои мусаллаҳ пароканда мешаванд ва ҳеҷ аслиҳае ғайр аз дасти давлат нахоҳад буд.
Ӯ илова намуд: ба ҷуз баъзе мутахассисон, ки хидмати онҳо барои давраҳои кӯтоҳ ҳатмӣ хоҳад буд, дигар хидмати ҳатмии низомӣ вуҷуд нахоҳад дошт.
Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ афзуд: афзалияти аввал барқарор кардани хонаҳои вайроншуда ва бозгардонидани ҳамаи муҳоҷирон аст.
Ӯ инчунин изҳор дошт, ки масъалаи афзоиши 400-фоизаи маошҳо дар Сурия дар ҳоли баррасӣ мебошад.
Нахуствазири ҳукумати иниқолӣ Сурия: Барои ҳифзи якпорчагии кишвар саъй мекунем
Муҳаммад Башир, нахуствазири ҳукумати гузариши инииқолии Сурия, дар суханоне иддао кард, ки барои ҳифзи якпорчагии ин кишвар талош мекунад.
Саҳюнистҳо ба 15-километрии шоҳроҳи Димишқ ба Бейрут расиданд
Таҳҷовузи артиши режими саҳюнистӣ ба хоки Сурия бо беамалии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳимояти кишварҳои ғарбӣ аз ин режим ҳамоно идома дорад.
Хабарнигори шабакаи "Ал-Маёдин” гузориш дод, ки режими саҳюнистӣ комилан бар "хатти кабуд" аз нуқтаи ҷанубу шарқии Сурия то шимол ва умқи ин кишвар тасаллут пайдо кардааст.
Ҳамчунин ин шабака гузориш дод, ки низомиёни артиши режими саҳюнистӣ то фосилаи 15-километрии шоҳроҳи байналмилалии Димишқ - Бейрут расидаанд.
Нақшаи густаришталабонаи Нетаняҳу барои Ҷавалони ишғолӣ
Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, бо нашри як баёния эълон кард: ҳукумат бо иттифоқи оро нақшаи Нетаняҳу барои афзоиши рушди аҳолӣ дар баландиҳои Ҷавалон ва шаҳраки Тсаринро бо харҷи беш аз 11 миллион доллар тасвиб кард.
Ба нақл аз "Дидабони Эрон", Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, иддао намуд: "Ба эҳтимоли зиёд шаҳрҳои Ҳалаб, Идлиб, Ҳамо, Димишқ ва Раққа мисли Антоқия, Ғозӣ Антеп, Ҳатай ва Урфо, ҷузъи вилоятҳои мо хоҳанд шуд".