
Чиҳилумин сураи Қуръони Карим “Ғофир” ном дорад. Ин сура бо 85 оят дар ҷузъи 24 қарор гирифтааст. Сураи Ғофир, ки аз сураҳои макӣ аст, дар тартиби нузул, шастумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.
“Ғофир” ба маънои хатопӯш ва бахшандааст. Ғофир яке аз сифоти Худованд мебошад, ки дар ояти севуми ин сура омада ва ба ҳамин иллат, “Ғофир” ном гирифтааст.
Меҳвари аслии ин сура ботил нишондодани ҷидоли кофирон барои аз байн бурдани ҳақ (Қуръон) аст, ки бар онон нозил шудааст. Бинобар ин Худованд оқибати такзибкунандагони Паёмбарон ва оёти илоҳӣ ва ҳам азобҳои ваъдадода шуда ба ононро ёдоварӣ мекунад.
Мабоҳиси ин сураро метавон дар ин мавзӯъот хулоса кард; Оёт ибтидоӣ ин сура таваҷҷуҳе ба Худованд ва бархе номҳои некӯи Ӯ аст; Сипас ба таҳдиди кофирон ба азобҳои дунявӣ ва охиратӣ мепардозад ва дар идома ба достони Мӯсо(а) ва Фиръавн ва баёни достони мӯъмини Оли Фиръавн ишора мекунад. Нишонаҳои исботи тавҳид ва ботилбудани ширк ва даъвати Паёмбар ба шакебоӣ ва зикри гӯшае аз неъматҳои илоҳӣ аз дигар мабоҳиси ин сура аст. Дар ин сура ҳамчунин бар мусофират ба сарзаминҳои мухталиф ба манзури ибрат гирифтан аз гузаштагон таъкид шудааст.
Оёти 28 то 45 сураи Ғофир ба достони мӯъмини Оли Фиръавн мепардозад. Мӯъмини Оли Фиръавн, амак ва хазонадори Фиръавн буд, ки дар муддати умри тӯлонии худ имонашро аз Фиръавн пинҳон мекард. Дар замони даъвати алании ҳазрати Мӯсо(а), мӯъмини Оли Фиръавн ҳам имони худро ошкор кард ва дар ниҳоят ба дасти Фиръавн кушта шуд. Дастҳо ва ангуштони ӯ бар рӯи салиб хушк ва фалаҷ шуда буд ва бо ҳамон ҳол ба қавмаш ишора мекард ва мегуфт: аз ман пайравӣ кунед то шуморо ба роҳи рушд ва камол ҳидоят кунам.
Аз дигар мавзӯъоти ин сура, истиҷобати дуо аз сӯи Худованд аст. Дар ояти 60 сураи Ғофир омада: وَقَالَ رَبُّکمُ ادْعُونِی أَسْتَجِبْ لَکمْ: “Маро бихонед то шуморо истиҷобат кунам”.
Дар тафосир дар бораи шароити истиҷобат ҳам омадааст дуои чаҳор гурӯҳ иҷобат намешавад: касе, ки дар хона нишаста ва мегӯяд Худовандо маро рӯзӣ деҳ; Марде, ки аз дасти ҳамсараш норозӣ аст ва дуо мекунад аз дасти ӯ халос шавад; Касе, ки амволашро беҳуда талаф карда ва мегӯяд Худовандо ба ман рӯзӣ бидеҳ ва касе, ки бидуни шоҳид ба касе қарз додааст.