IQNA

Дидабони Ҳуқуқи Башар:

Амалкарди Исроил дар Ғазза наслкушӣ аст

23:17 - December 20, 2024
рақами хабар: 2605
ИКНА - Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар бо нашри як гузориш эълом кард, ки режими саҳюнистӣ аз моҳи октябри соли 2023 қасдан фаластиниҳои Ғаззаро аз дастрасӣ ба об маҳрум кардааст. Ин амал ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушии фаластиниҳо шуморида мешавад.

Амалкарди Исроил дар Ғазза наслкушӣ астБа гузориши ИКНА, ба нақл аз "Мидл Ист Нюз", Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар изҳор дошт, ки маҳрум кардани қасдонаи фаластиниҳои Ғазза аз дастрасӣ ба об ва дигар ниёзҳои асосӣ сабаби марги ҳазорон нафар шудааст. Ин амал, ба гуфтаи созмон, бо ҳадафи аз байн бурдани қисмате аз аҳолии ин минтақа анҷом дода шудааст.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки мақомоти режими саҳюнистӣ қасдан шароити зиндагии фаластиниҳоро дар Ғазза ба ҳадде душвор кардаанд, ки ҳадаф аз он аз байн бурдани аҳолии ин минтақа аст.

Ин манбаъ афзуд, амалкардҳои режими Исроил, аз ҷумла маҳрум кардани мардуми ғайринизомии фаластинӣ аз об, манъи воридоти сӯзишворӣ, озуқа ва кумакҳои башарӣ, ва идомаи қатъи барқи Ғазза, сабаби аз кор мондани зерсохтҳои муҳими ин минтақа ва дар натиҷа марги ҳазорон нафар шудааст.

Гузориш ҳамчунин қайд мекунад, ки нерӯҳои исроилӣ қасдан ба зерсохтҳои асосии об, низоми партовгоҳҳо ва марказҳои беҳдоштӣ ҳамла намуда, онҳоро хароб ё нобуд кардаанд.

Дидабони Ҳуқуқи Башар таъкид кардааст, ки дар мавридҳои зиёде шоҳидони аслӣ тасдиқ кардаанд, ки нерӯҳои заминии Исроил ҳангоми харобсозии ин минтақаҳо назоратро пурра дар даст доштанд, ки ин нишон медиҳад харобкориҳо қасдан анҷом шудаанд.

Ин созмон изҳор дошт, ки мақомоти исроилӣ бо чунин амалҳо масъули ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушӣ ҳастанд. Дар баробари ин, суханони баъзе мақомоти исроилӣ, ки нишондиҳандаи майли онҳо ба несту нобуд кардани фаластиниҳои Ғазза аст, низ ин амалро ба наслкушӣ табдил медиҳад.

Дидабони Ҳуқуқи Башар аз давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ хост, ки тамоми иқдомоти заруриро барои пешгирӣ аз наслкушӣ дар Ғазза анҷом диҳанд, кумакҳои низомӣ ба Исроилро қатъ намоянд, дар тавофуқномаҳои дуҷониба ва равобити дипломатӣ таҷдиди назар кунанд ва аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ва дигар талошҳо барои ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон ҳимоят намоянд.

https://iqna.ir/fa/news/4255028

captcha