Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз «Ал-Ҷумҳур», ҳуши маснуъии Meta (Meta AI) аз абзорҳои муфиди олами фанноварӣ мебошад, аммо дар робита ба масоили марбут ба сураҳои Қуръон иштибоҳи бузурге кардааст.
Бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоии «Facebook» тасвирҳое аз муколама бо ҳуши маснуъӣ дар бораи сураи Фалақ нашр кардаанд, ки дар онҳо ҳуши маснуъӣ бо вожаҳо ва калимаҳое, ки аз Қуръон нестанд, посух медиҳад. Ҳангоми ишора кардан ба иштибоҳ, ҳуши маснуъӣ сураи дурустро ироа мекунад.
Гурӯҳе аз уламои дин, даъватгарон ва фуқаҳо нисбат ба густариши барномаҳо, ба хусус барномаҳои интернетӣ, монанди ҳуши маснуъӣ дар WhatsApp ва таҳрифи оятҳои Қуръон ҳушдор додаанд.
Уламо бо таъкид бар зарурати итминон аз саҳеҳияти нусхаҳои Қуръон пеш аз нашр, аз гурӯҳҳои масъул хостаанд, то Қуръонҳои таҳрифшударо шиносоӣ ва пешгирӣ кунанд, то ҷомеаҳо гирифтори фитнаҳои мазҳабӣ нагарданд.
Онҳо аз афроди диндор хостаанд, ки барномаҳо ва платформаҳои ношинос, монанди ҳуши маснуъиро истифода накунанд ва бидонанд, ки ҳифзи Қуръон ва матни он масъулиятест, ки бар зиммаи ҳамаи мардону занони мусулмон қарор дорад.
Инчунин уламои мусулмон бар истифода аз нусхаҳои Қуръони Қатар, ки Вазорати авқоф ва умури исломии ин кишвар мунташир кардааст, таъкид намудаанд.
Ба гуфтаи онҳо, ин нусхаҳо бо баррасиҳои илмӣ ва дақиқ нашр шудаанд ва ҳар мусулмон метавонад дар ҳама умури динӣ ба онҳо истинод кунад.
Гуфта мешавад, ҳуши маснуъии Meta (Meta AI) яке аз абзорҳои пурқудрат дар соҳаи фанноварӣ мебошад, ки дар таҳлили додаҳо, пешбинӣ ва пешниҳоди роҳкорҳои додаасос васеъ истифода мешавад. Истифодаҳои ҳуши маснуъии Meta хеле гуногун буда, метавонад дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла вебсайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, самарабахш истифода шавад.