Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам, ки бо тахаллуси Рӯдакӣ ва унвони "устоди шоирон" маъруф аст, 4-уми моҳи дейи соли 237 ҳиҷрии шамсӣ дар яке аз деҳаҳои минтақаи Рӯдаки Самарқанд ба дунё омадааст. Дар бораи даврони кӯдакӣ ва навҷавонии ӯ маълумоти мушаххаси таърихӣ вуҷуд надорад. Танҳо бар асоси баъзе манбаъҳо, Рӯдакӣ аз кӯдакӣ истеъдоди беназир дошт ва дар ҳаштсолагӣ ҳофизи кулли Қуръон шуд.
Рӯдакӣ дар замоне зиндагӣ мекард, ки онро метавон яке аз беҳтарин давраҳои таърихи Эрон ва шояд дурахшонтарин асри тамаддуни Эрон пас аз зуҳури Ислом номид. Дар он давра Самарқанд, ки имрӯз дар Ӯзбекистон воқеъ аст, яке аз шаҳрҳои муҳим ва ободи Мовароуннаҳр (заминҳои паҳновари он сӯи рӯди Ҷайҳун) ба ҳисоб мерафт ва зери ҳокимияти хонадони эронии Сомониён буд.
Рӯдакӣ нахустин шоири маъруфи форсизабон дар ҳавзаи тамаддуни эронӣ ва падари шеъри форсӣ хонда мешавад. Ӯ дар давраи Сомониён ва садаи IV ҳиҷрии қамарӣ зиндагӣ мекард ва устоди шоирони ин қарн дар Эрон ба шумор мерафт.
Дар ашъори Рӯдакӣ, эътиқод ба бевафоӣ ва ноустувории ҷаҳон, андешаи истифодаи фурсат, шодмонӣ ва лаззат бурдан аз зиндагӣ барҷаста аст. Ӯ шеъри форсиро аз шакли ибтидоӣ ва содда берун овард ва онро дар мазмунҳои гуногун ва навъҳои мухталифи шеър, аз қабили қасида, ғазал, маснавӣ, рубоӣ ва тарона, густариш дод. Аз Рӯдакӣ наздик ба 100 ҳазор байт (100 дафтар)-и шеър ба ёдгор мондааст. Аммо ба гуфтаи Рашидии Самарқандӣ, шумораи ашъори ӯ ба як миллиону 300 ҳазор мерасад. Ба ҳар ҳол, имрӯз миқдори ашъоре, ки аз ӯ боқӣ мондаанд, камтар аз ҳазор байт аст.