Ба гузориши ИКНА аз Ироқ, ин маросим рӯзи душанбе, 3 декабр, ба муносибати солрӯзи милоди ҳазрати Заҳро (с), бо ибтикори Маркази миллии улуми Қуръони вобаста ба Идораи авқофи шиъаи Ироқ дар толори «Сақалайн»-и шаҳри Бағдод баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Ҳасан Қанбар, мудири Маркази қуръонии шаҳид Ҳабиб ибни Мазоҳири Асадӣ дар Қувайт, гурӯҳе аз устодон ва ҳофизони Қуръон, инчунин қуръономузони мактаби қуръонии бонувони вобаста ба авқофи шиъаи Ироқ ширкат доштанд. Суханронии Рофеъ Ал-Омирӣ, мудири Маркази миллии улуми қуръонии Ироқ, дар мавзуи ҷойгоҳи ҳазрати Заҳро (с) дар Ислом ва фаъолиятҳои қуръонии марказ, инчунин қироати қасидаҳо ба муносибати милоди ҳазрати Заҳро (с) аз ҷониби ҳоҷи Алӣ Абдулсаттор Хаффоҷӣ, қорӣ ва хидматгори Аҳли байт (а), аз барномаҳои ин маросим буданд. Дар идомаи маросим, Рофеъ Ал-Омирӣ нусхаҳои Қуръони Брайлро ба устодон ва ҳофизони нобинои Маркази қуръонии шаҳид Ҳабиб ибни Мазоҳири Асадӣ тақдим намуда, изҳор дошт: «Тақдими ин Қуръонҳо нишондиҳандаи талошҳои Маркази миллии улуми қуръонии Ироқ дар ҳимояти ҳамаи қориён ва ҳофизони Қуръон мебошад».