IQNA

Амалкарди режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза як наслкушии дастаҷамъӣ аст

18:58 - December 26, 2024
рақами хабар: 2635
ИКНА - Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар суханрониаш бо ишора ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза таъкид кард, ки он чӣ душмани саҳюнистӣ анҷом медиҳад, як наслкушии дастаҷамъӣ аст.

Ба гузориши шабакаи Ал-Масира, Абдулмалик Бадриддин Ҳусӣ имрӯз дар суханрониаш изҳор дошт: «Он чӣ душмани исроилӣ дар Ғазза анҷом медиҳад, ба шаҳодати созмонҳои байналмилалӣ, дар маънои ҳақиқии калима наслкушӣ аст. Ин созмонҳое ҳастанд, ки одат ба инсофашон ҳам надорем».

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба вокуниши баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ ба ҷиноёти саҳюнистҳо изҳор дошт: «Ҳаҷми ҷиноёти саҳюнистҳо баъзе аз ин созмонҳоро маҷбур кард, ки бо вуҷуди кӯшиши кам нишон додани омор, ба ин ҳаҷми ҷиноятҳо иқрор кунанд. Миёнгини куштори кӯдакон дар Ғазза аз тамоми ҷаҳон болотар аст ва душмани исроилӣ дар ҳар соат як кӯдакро мекушад. Ҷанги душмани исроилӣ алайҳи бемористонҳо бо ҳадаф қарор додани ин маконҳо дар шимоли Навори Ғазза ва куштор, ҳамла ва харобсозӣ дар гирди онҳо шиддат гирифтааст. Ҳимояти бечуну чарои Амрико аз душмани исроилӣ дар паси ҳамаи ин ҷиноятҳо қарор дорад».

Вай бо ишора ба ҳамдастии ташакилоти худгардони Фаластин бо режими саҳюнистӣ афзуд: «Душмани исроилӣ дар Каронаи Бохтарӣ даст ба ҷиноят мезанад ва қасдан хонаҳоро хароб мекунад, масҷидҳоро месӯзонад ва ҳар рӯз ба ин минтақаҳо ҳамла мекунад. Ғосибони саҳюнистӣ бар заминҳои кишоварзии шаҳрвандони фаластинӣ тасаллут ёфтаанд. Ташакилоти худгардони Фаластин ва хадамоти амниятии он дар ҳимоят аз миллат дар Каронаи Бохтарӣ бар зидди таҷовузоти неруҳои душман нақши муассире надоранд. Бисёр ҷои афсӯс аст, ки хадамоти амниятии ин ташаккул бо неруҳои душман якҷоя амал карда, онҳое, ки талош доранд дар муқобили душмани исроилӣ истодагӣ кунанд, ҳадаф қарор медиҳанд. Онҳое, ки ҳамчун ҷосус ва зархарид ба хидмати душмани исроилӣ даромадаанд, нақши манфӣ мебозанд ва амалашон ҷинояту хиёнат аст».

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман идома дод: «Амрико ва “Исроил” талош доранд, ки формулаи мубоҳ будани хуни уммати моро таҳким бахшанд ва умматро ба як уммате табдил диҳанд, ки рехтани хунашон дар кишварҳояшон бе ҳеҷ вокунише раво бошад. Онҳо мехоҳанд низомҳои ҷаҳони Араб ва Ислом баъд аз тафриқа, низомҳое сохта бошанд, ки иҷрои барномаҳои Амрико ва “Исроил”-ро таъмин кунанд».

Вай бо ишора ба он чӣ аз ҷониби режими саҳюнистӣ баъд аз оташбас дар Лубнон анҷом мешавад, гуфт: «Шикасти оташбас аз ҷониби душмани исроилӣ дар Лубнон идома дорад ва аз 180 мавриди нақзи оташбас ҳам гузаштааст, ки шомили тахриби хонаҳо ва минтақаҳои кишоварзӣ ва ҳатто куштор ва ҳамла шудааст. Душман пас аз шикаст дар расидан ба ҳадафи нобудсозии Ҳизбуллоҳи Лубнон, талош дорад пирӯзии сохтагӣ барои худ дар Лубнон нишон диҳад. Амалкарди душмани исроилӣ дар Лубнон зарурати муқовиматро таъкид мекунад».

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман афзуд: «Душмани исроилӣ ба тавсеаи ишғолгарӣ дар заминҳои Сурия идома медиҳад ва тақрибан бар 95 дарсади устони бузурги Қунайтра тасаллут ёфтааст. Душмани исроилӣ ҳаракатҳояшро ба сӯи ҳавзаи Даръо дар канори ҷанубии Димишқ густариш медиҳад ва ба хонаҳои рустоҳои Сурия ҳамла мекунад, то шаҳрвандонро аз доштани ҳар гуна силоҳ маҳрум кунад ва тарҳашро такмил намояд».

Ал-Ҳусӣ изҳор дошт: «Душмани исроилӣ миллатҳои минтақаамонро таҳқир мекунад ва аз бузургтарин саргармиҳояш паст кардани онҳо бо ҳар роҳ мебошад. Душмани исроилӣ ба муътаризон дар Сурия ҳамла намуда, ба сӯи онҳо тир меандозад. Ин душман талош дорад, тамоми дороии миллатҳои умматамонро аз онҳо бигирад ва ҳамаи суриягиҳо бояд “Исроил”-ро душмани худ бидонанд».

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман бо таъриф аз амалиёти қаҳрамононаи гурдонҳои Қассом дар шимоли Ғазза гуфт: «Амалкарди размандагони фаластинӣ қаҳрамонона ва бузург аст. Амалиёти гурдонҳои Қассом (шохаи низомии Ҳамос) дар куштори сарбозони саҳюнистӣ дар шимоли Ғазза хеле барҷаста аст».

Вай дар бахши поёнии суханронияш ба мавзуи ҳамлаҳои мушакии ахири неруҳои мусаллаҳи Яман ба режими саҳюнистӣ ишора кард ва гуфт: «Амалиёти ин ҳафтаи Яман низ бисёр барҷаста буд ва мушакҳои болосуръат аз дифои ҳавоии душман гузашта, дастоварди бузурге эҷод карданд».

Ал-Ҳусӣ дар ин робита бо ишора ба ин ки дифои душман натавонист аз мушакҳои яманӣ пешгирӣ кунад, афзуд: «Душман, ки фикр мекард ҳама чиз ба нафъаш аст, аз идомаи амалиёти неруҳои яманӣ ҳайрон монд. Саҳюнистҳо ҳангоми шунидани садои огоҳӣ якдигарро тела медоданд, ки баъзеашон ҳалок шуданд ва бархеи дигар ба сакта ва мушкилоти қалбӣ гирифтор шуданд. Амалиёти Яман бартарии дифоии душмани саҳюнистиро шикаст дод».

https://iqna.ir/00HrH3

captcha