Дар ин марҳила аз мусобиқот маҷмуан 74 нафар дар бахши миллӣ ва 20 нафар дар бахши байналмилалӣ ҳузур доштанд. Бахши байналмилал барои аввалин бор бо ҳузури донишпажуҳони Ҷомеат-ул-Мустафо ал-Оламия баргузор шуд, ки дувоздаҳ нафар дар гурӯҳи мардон ва ҳашт нафар дар гурӯҳи бонувон бо меҳварияти тафсири Намуна аз маорифи сураҳои Аҳзоб ва Сабаъ ба рақобат пардохтанд.
Бо поён ёфтани ин мусобиқот баргузидаҳои ин давра дар ду гурӯҳи мардону ва бонувон муайян шуданд ва дар маросими поёнӣ, ки субҳи имрӯз панҷшанбе 26 декабр баргузор шуд, аз онҳо қадрдонӣ шуд.
Баргузидагони бахши байналмилали риштаи маорифи Қуръони Карим ба қарори зер мебошанд:
Мақоми аввал: Саломиддин Муҳаммадамин аз Тоҷикистон
Мақоми дувум: Ҷаъфари Тароварӣ аз Молӣ
Мақоми севум: Алиоқо Сафарӣ аз Афғонистон
Мақоми чорум: Мегаҷи Алӣ Румот аз Нигерия
Мақоми панҷум: Сайид Асадуллоҳи Асғарӣ аз Афғонистон
Касби мақоми нахусти ин давра аз мусобиқоти маорифи Қуръони Карим тавассути қуръонпажӯҳ устод Саломиддин Муҳаммадаминро ба ишон, хонаводааш ва устодон ва ҳамаи қуръондӯстони тоҷик ва алоқамандони маорифи қуръонӣ табрику таҳният арз карда аз Худои Мутаол барои ишон ва ҳамаи аҳолии қуръонӣ мувафақиятҳои рӯзафзун дар роҳи Қуръонро талаб мекунем. Худованд моро аҳли хондану фаҳмидан ва амал кардан ва тарвиҷи маорифи Қуръон бигардонад ва аз баракатҳои он дар дунё ва охират бархурдор намояд.