Дар қисми қаблӣ ба давраи таваллуди ҳазрати Исо (а) пардохта шуд ва дар ин бахш ба давраи набувват ва ҳузури ишон дар миёни Бани Исроил аз нигоҳи Қуръон баррасӣ мешавад. Аз нигоҳи Ислом, насаби ҳазрати Марям (а) ба ҳазрати Сулаймон (а) ва тавассути ӯ ба ҳазрати Яъқуб (а) мерасад. Ба ҳамин сабаб, дар Қуръон ҳазрати Исо (а) низ аз анбиёи Бани Исроил шумурда мешавад.
Исои Масеҳ (а) аз ҷониби Худо маъмур шуд, ки Бани Исроилро ба тавҳид фаро хонад ва барои исботи он ки паёмбаре аз ҷониби Худост, муъҷизаҳоеро низ барои онҳо овард. Аз ҷумлаи муъҷизаҳои ишон, ки дар Қуръон ба он ишора шудааст, зинда кардани мурдагон, дамидан дар гил ва табдили он ба паррандаи зинда, шифо додани кӯри модарзод ва беморони пес (барс), инчунин огоҳӣ аз масъалаҳои ғайбӣ мебошад.
Ин муъҷизаҳоро Худованди Мутаол ба таври возеҳ ба Исо нисбат додааст, дар ояте, ки мефармояд:
«وَرَسُولًا إِلَى بَنِي إِسْرَائِيلَ أَنِّي قَدْ جِئْتُكُمْ بِآيَةٍ مِنْ رَبِّكُمْ أَنِّي أَخْلُقُ لَكُمْ مِنَ الطِّينِ كَهَيْئَةِ الطَّيْرِ فَأَنْفُخُ فِيهِ فَيَكُونُ طَيْرًا بِإِذْنِ اللَّهِ وَأُبْرِئُ الْأَكْمَهَ وَالْأَبْرَصَ وَأُحْيِي الْمَوْتَى بِإِذْنِ اللَّهِ وَأُنَبِّئُكُمْ بِمَا تَأْكُلُونَ وَمَا تَدَّخِرُونَ فِي بُيُوتِكُمْ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَةً لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ»
(Оли Имрон/49) Тарҷума: «[Ва ӯро ҳамчун] паёмбаре ба сӯи Бани Исроил [мефиристад, ки ба онҳо мегӯяд:] “Дар ҳақиқат, ман аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо муъҷизае овардаам: ман аз гил барои шумо чизе ба шакли парранда месозам, сипас дар он медамам, пас ба изни Худо парранда мешавад; ва ба изни Худо кӯри модарзод ва беморони песро шифо мебахшам; ва мурдагонро зинда мегардонам; ва шуморо аз он чи мехӯред ва дар хонаҳоятон захира мекунед, хабар медиҳам. Бешак, дар ин [муъҷизаҳо], барои шумо – агар мӯъмин бошед – ибрате аст.”»
Исои Масеҳ (а) мардумро ба шариати навини худ, ки тасдиқи шариати ҳазрати Мӯсо (а) буд, даъват мекард. Ӯ баъзе аҳкоми ҳазрати Мӯсо (а)-ро, ки дар Таврот бо ҳадафи танбеҳ ва сахтгирӣ ба яҳудиён ҳаром шуда буд, насх намуд. Инчунин, ишон башорати омадани Паёмбари Ислом (с)-ро дод ва борҳо ба Бани Исроил мегуфт:
«وَإِذْ قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ إِنِّي رَسُولُ اللَّهِ إِلَيْكُمْ مُصَدِّقًا لِمَا بَيْنَ يَدَيَّ مِنَ التَّوْرَاةِ وَمُبَشِّرًا بِرَسُولٍ يَأْتِي مِنْ بَعْدِي اسْمُهُ أَحْمَدُ فَلَمَّا جَاءَهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ قَالُوا هَذَا سِحْرٌ مُبِينٌ»
(Сафф/6) Тарҷума: «Ва ҳангоме ки Исо писари Марям гуфт: “Эй фарзандони Исроил, ман фиристодаи Худо ба сӯи шумо ҳастам. Тавротро, ки пеш аз ман буда, тасдиқ мекунам ва башорат медиҳам ба фиристодае, ки пас аз ман меояд ва номи ӯ “Аҳмад” аст.” Пас, вақте барои онҳо далелҳои равшан овард, гуфтанд: “Ин ҷодуи ошкор аст.”»
Исои Масеҳ (а) пайваста Бани Исроилро ба тавҳиди Худо ва шариати нави худ даъват мекард, то он замон ки аз имон овардани онҳо ноумед шуд. Вақте туғён ва душмании мардумро дид ва истикбори коҳинон ва уламои яҳудиро аз қабули даъваташ мушоҳида кард, аз миёни шумораи ками афроде, ки ба ӯ имон оварда буданд, чанд нафарро ҳамчун ҳавориён интихоб намуд, то ӯро дар роҳи Худо ёрӣ кунанд.
« يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُونُوا أَنْصَارَ اللَّهِ كَمَا قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ لِلْحَوَارِيِّينَ مَنْ أَنْصَارِي إِلَى اللَّهِ قَالَ الْحَوَارِيُّونَ نَحْنُ أَنْصَارُ اللَّهِ فَآمَنَتْ طَائِفَةٌ مِنْ بَنِي إِسْرَائِيلَ وَكَفَرَتْ طَائِفَةٌ فَأَيَّدْنَا الَّذِينَ آمَنُوا عَلَى عَدُوِّهِمْ فَأَصْبَحُوا ظَاهِرِينَ»
(Сафф/14) Тарҷума: «Эй касоне ки имон овардаед, ёрони Худо бошед, ҳамон гуна ки Исо писари Марям ба ҳавориён гуфт: “Ёрони ман дар роҳи Худо чӣ касоне ҳастанд?” Ҳавориён гуфтанд: “Мо ёрони Худоем.” Пас, гурӯҳе куфр варзиданд ва касонеро, ки имон оварда буданд, бар душманонашон ёрӣ додем, то пирӯз шуданд.»