IQNA

Масеҳиёни Сурия ва нигарониҳо аз сарнавишти онҳо дар сояи ҳукумати Таҳрир-уш-шом

18:28 - December 28, 2024
рақами хабар: 2643
ИКНА - Дар тӯли 13 соли ҷанги дохилии Сурия, масеҳиён то ҳадди зиёде ба ҳукумати Башор Асад вафодор монданд. Аммо тасарруфи сареи қудрат аз ҷониби гурӯҳи Таҳрир-уш-шом нигарониҳо дар бораи сарнавишти ақаллияти масеҳиёни ин кишварро афзоиш додааст.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз рӯзномаи исроилии “Таймз” дар мақолае бо матраҳ кардани ин савол, ки: «Оё ҷомеаи масеҳии рӯ ба коҳиш дар Сурия метавонад дар ҳукумати нави ин кишвар ба зиндагии худ идома диҳад? Ва масеҳиёни суриягӣ, ки ба ҳукумати Асад вафодор буданд, оё метавонанд ба ваъдаҳои ҳокимони нави исломгаро дар ин кишвар эътимод кунанд?» ба мавзӯи идомаи зиндагии масеҳиён дар Сурия дар сояи ҳукумати гурӯҳи Таҳрир-уш-шом пардохтааст.

Тасарруфи сареи қудрат

Тасарруфи сареи қудрат аз ҷониби гурӯҳи Таҳрир-уш-шом, ки мансуб ба мазҳаби суннӣ аст, нигарониҳо дар бораи сарнавишти ақаллияти масеҳиёни Сурияро афзоиш додааст.

Тибқи гузориши як ниҳоди ғайридавлатии калисоӣ, ки дар Амрико мустақар аст, шумори масеҳиён пеш аз оғози ҷанги дохилии соли 2011 дар Сурия ба 1,5 миллион нафар мерасид, ки тақрибан 10 дарсади ҷамъияти кишварро ташкил медоданд. Аммо дар тӯли як даҳа, шумори онҳо ба таври қобили таваҷҷуҳ коҳиш ёфт ва соли 2022 танҳо 300 ҳазор нафар, яъне ҳудуди 2 дарсади ҷамъияти кишвар боқӣ мондаанд.

Масеҳиёни таҳсилкарда ва сарватманд

Гарчанде ки масеҳиён аз қишри миёнаи ҷамъияти Сурия сарватмандтар ва таҳсилкардатар буданд, онҳо ба таври гурӯҳӣ барои фирор аз гурӯҳи террористии ДИИШ ва низ ба сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодии Сурия муҳоҷират карданд.

Роҳбарони нави Таҳрир-уш-шом борҳо ба мардуми Сурия ва ҷомеаи байналмилалӣ итминон додаанд, ки аз ҳамаи ақаллиятҳо, аз ҷумла шиаҳо, алавиҳо, дарузиҳо, курдҳо ва дигарон муҳофизат хоҳанд кард. Муҳаммад Ал-Башир, нахуствазири нави Сурия, аз паноҳандагони хориҷи кишвар даъват кардааст, ки ба ватани худ бозгарданд ва ваъда додааст, ки ҳуқуқи ҳамаи адён ва мазоҳибро таъмин хоҳад кард.

Таърихи ҳазорсолаи масеҳиён

Бо вуҷуди ин, суол ин аст, ки оё Сурияи дар буҳронбуда, чунон ки роҳбарони нави он иддао мекунанд, метавонад дубора маконе барои ҳамзистии адён ва мазоҳиб бошад?

Як ниҳоди ғайридавлатии ҳифзи ҳуқуқи масеҳиён, ки дар Вашингтон мустақар аст, ахиран аз сарнавишти таърихи ҳазорсолаи масеҳиён дар Сурия ибрози нигаронӣ кардааст.

Баъзе манобеъ дар шаҳри Ҳалаб, пас аз суқути Башор Асад ва тасарруфи ин шаҳр аз ҷониби неруҳои Таҳрир-уш-шом, эълом кардаанд, ки масеҳиён дар тарс ва ҳарос зиндагӣ мекунанд ва мавриди ҳадафи густурдаи ҷиноятҳо ва тахриб қарор доранд.

Фаъолияти калисоҳо

Бо вуҷуди ин, маркази иртибототи сулҳ, як созмони ғайритиҷоратӣ дар Ню-Йорк, ахиран бо масеҳиёни Ҳалаб ба муносибати рӯзи Сент Барбара, ки масеҳиёни Ховари Миёна онро ҷашн мегиранд, мусоҳиба кардааст. Онҳо гуфтаанд, ки дар ибтидои тасарруфи Сурия аз ҷониби Таҳрир-уш-шом эҳсоси тарс доштанд, аммо акнун эҳсос мекунанд, ки ҳеҷ сабабе барои нигаронӣ вуҷуд надорад ва калисоҳо ба фаъолияти одии худ идома медиҳанд.

Масеҳиён дар давраи Башор Асад

Дар тӯли 13 соли ҷанги дохилӣ, масеҳиён то ҳадди зиёде ба ҳукумати Асад вафодор буданд, зеро Асад худро ҳомии ақаллиятҳои мазҳабӣ муаррифӣ мекард. Аммо масеҳиён, монанди дигар мардуми Сурия, аз суқути Башор Асад шод шуданд.

Ваъдаҳои роҳбарони Таҳрир-уш-шом

Асқоф Ҳанно Ҷалоф, ҷонишини асқофи Ҳалаб, ба хабаргузории "Ватикан Нюз" гуфтааст, ки бо Аҳмад Ал-Шаръ, роҳбари Таҳрир-уш-шом, мулоқот кардааст ва ӯ итминон додааст, ки масеҳиён ва дороиҳои онҳо ба хатар дучор нахоҳанд шуд ва ҳамаи хостаҳои онҳо бароварда хоҳад шуд.

Бо ин ҳол, соли 2015, Аҳмад Ал-Шаръ, ки он замон бо номи Абу Муҳаммад Ал-Ҷувлонӣ маъруф буд, дар мусоҳибае бо шабакаи "Ал-Ҷазира" гуфта буд, ки пас аз тасарруфи комили Сурия аз ҷониби Таҳрир-уш-шом, қавонини исломӣ бар ин кишвар таҳмил хоҳад шуд.

Нигарониҳои умум

Ҳукумати гузаришии Сурия танҳо аз аъзои Таҳрир-уш-шомиборат аст ва намояндае аз ҷиноҳҳои дунявӣ ё мазҳабӣ, ба ҷуз мусалмонони аҳли суннат, дар он ҳузур надорад.

Ғубаро, таҳлилгари "Таймз ов Исроил", гуфтааст: «Танҳо масеҳиён аз ин вазъияти даҳшатбор нигарон нестанд. Ин тарс миёни масеҳиён ва сунниҳои миёнарав муштарак аст. Агар дар ниҳоят ба ҳукумати монанд ба Толибон дар Сурия бирасем, аввал масеҳиён ҳадаф қарор хоҳанд гирифт, аммо дар поён, сунниҳои миёнарав низ аз ин тағйирот осеб хоҳанд дид.»

Васим Наср, хабарнигори шабакаи "Франс 24", ки соли 2023 аз Идлиб боздид карда буд, гузориш додааст, ки садҳо тан аз ақаллияти масеҳиёни боқимонда дар ин минтақа иҷозаи баргузории маросимҳои мазҳабиро доранд, аммо онҳо наметавонанд салибҳои худро нишон диҳанд ё зангҳои калисоҳоро ба садо дароранд.

https://iqna.ir/fa/news/4255965

captcha