IQNA

Вазорати авқофи Миср:

Тиловатҳои Мустафо Исмоил илҳомбахши наслҳои оянда аст

18:30 - December 28, 2024
рақами хабар: 2644
ИКНА - Саҳифаи расмии сомонаи Вазорати авқофи Миср, бо гиромидошти солгарди даргузашти шайх Мустафо Исмоил, қории машҳури Миср ва ҷаҳони Ислом, пораҳои садои тиловати ӯро ва гузорише дар бораи зиндагиномаи ин қории мисрӣ нашр кард.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Rosaelyoussef, ин вазоратхона бо судури баёнияе ба муносибати солгарди даргузашти шайх Мустафо Исмоил, ки баробар бо панҷшанбе, 6-уми деймоҳ буд, эълом кард: Шайх Мустафо Исмоил мероси бесобиқае аз тиловатҳое, ки зебоии садо, лаҳн ва мақомҳои садоии Қуръонро баён мекунад, аз худ ба ёдгор гузошт ва тиловатҳояш илҳомбахши наслҳои оянда мебошад.

Вазорати авқофи Миср бо ишора ба зиндагиномаи Мустафо Исмоил, овардааст: Ӯ дар 17 июни 1905 дар рустои «Мейт Ғазол», устони «Ғарбия», ба дунё омада, аз кӯдакӣ Қуръонро ҳифз кард ва аҳкоми тиловат ва таҷвидро омӯхт. Бо тасаллут бар беш аз 19 мақоми Қуръон, аз лиҳози тавоноӣ дар қироат барҷаста буд ва ҳамин масъала ба умқи беназир ва ҷазобияти тиловатҳояш афзуд.

Дар идомаи баёния таъкид шудааст: Шайх Мустафо Исмоил нахустин қории бидуни озмун барои сабти тиловаташ дар радиои Миср буд ва ба қории қасри шоҳӣ дар замони Малик Форуқ (шоҳи вақти Миср) интихоб шуд. Ӯ нишонҳо ва қадрдониҳоеро аз раисҷумҳурони Миср ва кишварҳои арабӣ ва исломӣ дарёфт кард, ки муҳимтарини онҳо нишонҳои шоистагӣ аз Миср ва Сурия ва нишони Сарв (Сидр)-и Лубнон буд.

Вазорати авқофи Миср бо ишора ба тавоноии беназири шайх Мустафо Исмоил дар баёни аҳкоми таҷвид, илми қироат ва мақомҳо, изҳор дошт: Шайх Мустафо Исмоил тавонист шаҳомати мафоҳими Қуръониро ба дилҳои шунавандагони тиловатҳояш мунтақил кунад ва ин вижагӣ ӯро ба яке аз навоварони ин ҳунар табдил дод.

Дар поёни баёния таъкид шудааст, ки ёди шайх Мустафо Исмоил то ҳол дар зеҳни уммати Ислом боқист ва ӯ шахсияти истисноии қуръоние буд, ки ба мероси тиловат ва эҷодоти қуръонӣ андухтаҳои зиёде афзуд.

Мустафо Исмоил қории Қуръон аз Миср буд, ки аз ӯ ҳамчун «Акбарул-Қурроъ» ва яке аз бузургтарин қориёни таърихи ҷаҳон ном мебаранд. Бисёре аз услуби ӯ дар қироати Қуръон тақлид мекунанд. Мустафо Исмоил 17 июни 1905 дар Миср ба дунё омад ва 26 декабри 1978 даргузашт. Бо даргузашти Исмоил, фурӯғи даврони тиллоии қориёни мисрӣ оғоз шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4256548

captcha